Дар Сеул оид ба сиёсати рушди сармояи инсонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ форуми байналмилалӣ доир гардид

Август 19, 2026 10:48

ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар доираи Барномаи омӯзишии Корея – Осиёи Марказӣ оид ба сиёсати рушди сармояи инсонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар форум директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Муҳаммадраҷабзода дар мавзуи «Рушди таҳсилот дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея» сухан гуфт.

Зимни маъруза доир ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва истифодаи зеҳни сунъӣ, татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040», амалӣ намудани даври «Асосҳои зеҳни сунъӣ» ва татбиқи озмоишии он дар 100 муассисаи таҳсилоти умумӣ маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамзамон масъалаҳои омода намудани омӯзгорони баландихтисос, таҳияи маводи таълимӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои зеҳни сунъӣ, робототехника ва барномасозӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва таъмини истифодаи бехатару ахлоқии технологияҳои нав мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар маъруза таҷрибаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла омӯзиши 30 омӯзгори тоҷик дар доираи KLIC LEAD Global Workshop 2025 заминаи муҳим барои густариши шарикии минбаъда арзёбӣ гардид. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ҳамкорӣ дар самтҳои омода намудани тренерони миллӣ, таҳияи муштараки барномаҳои таълимӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои намунавӣ, ташкили платформаи муштараки захираҳои рақамӣ, баргузории олимпиадаву мусобиқаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки хонандагон тақвият дода шавад.

Дар форум намояндагони Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои рушди неруи инсонӣ, инфрасохтор, барномаҳои таълимӣ ва дурнамои ҳамкории минтақавиро дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ намуданд.

Барномаи омӯзишӣ то 21 август идома ёфта, шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои пешрафтаи таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла озмоишгоҳи Smilegate Future Lab, Мактаби миёнаи технологияҳои иттилоотии Сеул, Донишгоҳи Корея ва Осорхонаи роботҳо ва зеҳни сунъии Сеулро дар бар мегирад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 19, 2026 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид