ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шудааст
ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса дода шуда, шумораи муассисаҳои таълимӣ, хонандагон ва омӯзгорон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Тибқи маълумоти расмӣ дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маорифи дорои беш аз 121 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи зиёда аз 629 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.
Таваҷҷуҳ ба таҳсилоти томактабӣ
Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур тадриҷан меафзояд. Аз ҷумла, дар миқёси вилоят 315 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 236 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи раёсату шуъбаҳои маориф, 67 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхона фаъолият намуда, 54 ҳазору 82 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Инчунин бо мақсади инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва завқи донишандӯзии кӯдакон, дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ тарбия намудани онҳо ва баланд бардоштани малакаю маҳорати эҷодии кӯдакону наврасон дар назди 734 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 1257 гурӯҳи марказҳои инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст, ки 27 ҳазору 215 нафар кӯдакони синни шашсоларо ба таълиму тарбия фаро гирифтааст.
Фарогирии кӯдакон дар миқёси вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо назардошти кӯдакони Маркази инкишофи кӯдак 30,2 фоизро ташкил медиҳад.
Афзоиши хонандагон ва муассисаҳои таълимӣ
Дар вилоят 966 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 42 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 845 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 35 гимназия, 28 литсей, 1 Мактаби президентӣ, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус барои кӯдакони нуқсондор, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дорад. Дар онҳо 593 ҳазору 325 нафар, аз ҷумла 290 ҳазору 365 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2024-2025 4 муассисаи таълимӣ ва 15 015 хонанда зиёд мебошад.
Таъмини муассисаҳо бо кадрҳои баландихтисос
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят 38 ҳазору 889 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 27 ҳазору 606 нафар занҳо ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ки нисбат ба соли таҳсили 2025 1279 нафар зиёд мебошад.
Дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд 1206 синфхонаи компютерӣ мавҷуд буда, шумораи умумии компютерҳо ба 25 ҳазору 677 адад расидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид






