Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро ба донишгоҳҳои Узбекистон оғоз намуд

Август 18, 2026 16:35

ДУШАНБЕ, 18.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бурсияҳо барои таҳсил дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура аз рӯйи самтҳои гуногуни таҳсил пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, довталабон метавонанд аз рӯйи самтҳои санъат ва фарҳанг (режиссура, ҳунарпешагӣ, хореография, санъати вокалӣ, дирижёрӣ, рассомӣ, дизайн ва иҷрои мусиқӣ), иқтисод ва идоракунӣ (иқтисод, иқтисоди ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, андоз ва андозбандӣ), технологияҳои иттилоотӣ (низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо, муҳандисии нармафзор), сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, инчунин меъморӣ, бозсозӣ ва тармими ёдгориҳои меъморӣ таҳсил намоянд.

Қабули ҳуҷҷатҳо ва пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба шартҳои иштирок, ихтисосҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва тартиби қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» анҷом дода мешавад.

Хоҳишмандон барои иштирок метавонанд ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 ё тавассути телефони 223-23-59 муроҷиат намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 18, 2026 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»