Оид ба ҷойгоҳи Ховалинг дар таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Август 10, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 август дар ноҳияи Ховалинг бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷойгоҳи Ховалинг дар таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ хабар медиҳад, дар рӯзи якуми конференсия иштирокчиён аз ёдгории палеолитии Кӯлдара, Қалъаи Лоҳутӣ, ёдгории дайри буддоии Хиштеппа, Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия, Осорхонаи асри санги Ховалинг, Осорхонаи ҷумҳуриявии Восеъ дидан намуда, бо маводи таърихию фарҳангӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва дигар намунаҳои мероси моддию маънавии минтақа шинос шуданд. Масъалаҳои марбут ба ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ, идомаи таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи имконияти мавҷуда барои муаррифии мероси фарҳангии ноҳия мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифтанд.

8 август зимни конференсия масъалаҳои таърихи қадим, асримиёнагӣ ва давраҳои минбаъдаи минтақа, натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ, масъалаҳои омӯзиши мероси фарҳангӣ, инчунин нақшу мақоми Ховалинг дар равандҳои таърихию тамаддунии Осиёи Марказӣ мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифтанд.

Зимни мубоҳисаҳо иштирокчиён оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомдода, масъалаҳои мубрами омӯзиши таъриху фарҳанги Ховалинг, зарурати идомаи корҳои бостоншиносӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва густариши ҳамкории илмӣ байни муассисаҳои соҳавӣ баёни андеша намуданд.

Конференсияи байналмилалии илмию назариявии «Ҷойгоҳи Ховалинг дар таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» дар таҳкими ҳамкории илмӣ, муаррифии дастовардҳои таҳқиқоти таърихию бостоншиносӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи илмӣ ба омӯзиши мероси таърихию фарҳангии Ховалинг ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ аҳамияти муҳим дорад.

АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 10, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ ва омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо бо гурӯҳи бостоншиносони хориҷӣ баррасӣ гардиданд
Рушди инноватсионии кимиё ва технологияҳои кимиёвии муосир дар конфронси илмӣ баррасӣ гардид
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ оғоз шуд
Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дар Конфронси генералии АБНА таҷрибаи Тоҷикистон доир ба барқарорсозии иншооти мероси уранӣ муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба 115–солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид