Олимони тоҷик дар водии Яғноб 40 навъи зироати гуногуни кишоварзӣ кишт намуданд

Август 12, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар қитъаи таҷрибавӣ дар деҳаи Хишортоби водии Яғноб дар 0,5 гектар беш аз 40 навъу намунаи зироати гуногуни кишоварзӣ кишт намуданд, ки нашъунамои зироат хеле хуб аст.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, соли дуюм аст, ки олимони институт намунаҳои коллексионии картошка, гандум, нахуд, офтобпараст, сулӣ, каду, ҷуворимакка, сабзӣ, турб, шалғам, помидор, бодиринг, лубиё, боқило ва дигар зироатро кишт намуда, меомӯзанд.

Дар ин минтақаи кӯҳӣ ба кишти омехтаи чанд зироат, ки хусусияти навгонӣ доранд, диққати махсус дода шуд. Мақсади таҷрибаҳои илмӣ омӯзиши ҷараёни мутобиқшавии зироати кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлими сайёра дар минтақаҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ мебошад.

Олимон нақша доранд, ки аввали моҳи сентябр ҳосили расидаро ҷамъоварӣ намуда, тухмиҳоро барои соли оянда нигоҳ доранд.

Таҷриба нишон дод, ки аввали моҳи август ҳолати нашъунамои ҳама намунаҳои зироат, бахусус картошка, гандум, нахуд, офтобпараст, сулӣ ва сабзавот хеле хуб аст. Ҳоло ҳосили баъзе аз намунаҳои картошка, нахуд ва турбу шалғам барои ҷамъоварӣ омода шудааст. Намунаҳои офтобпараст, сулӣ ва боқило дар давраи расидани ҳосил қарор доранд.

Инчунин олимон дар ин минтақа таҷрибаҳои нави инноватсиониии кишти омехтаи картошкаю нахуд, офтобпарасту нахуд, офтобпарасту сулӣ ва картошкаю боқилоро гузарониданд. Мушоҳидаҳои пешакӣ нишон доданд, ки нашъунамои зироат дар киштҳои омехта хеле хуб буда, дар оянда дар минтақаи кӯҳистон аз як қитъаи замини обӣ рӯёнидани ҳосили ду ё се зироат имкон дорад.

Баҳодиҳии пешакӣ нишон дод, ки дар натиҷаи кишти омехтаи зироат дар заминҳои обӣ метавон то 25-30 тонна картошка, 1 тонна нахуд ё боқило, 0,8 тонна дони офтобпараст ва то 1 тонна дони сулӣ ба даст овард. Ин дар оянда боиси самаранок истифода бурдани заминҳои обии минтақаи баландкӯҳ ва ҳарчи бештар ба даст овардани маводи ғизоӣ ва хӯроки чорво бо сарфи ками оби полезӣ мегардад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 12, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад