Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Август 14, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 14-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси  ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Аснои суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонаводаи модари ҷавон Жасмина Ятимзода ҳамдардӣ баён намуда, барои расонидани кӯмакҳои моддию маънавӣ ва зери назорат гирифтани ҷараёни тарбияи кӯдаки хӯрдсоли ӯ дастуру супоришҳо доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Жасмина Ятимзода 13-уми август бар асари аз силоҳи оташфишон тир кушодани силоҳбадастон аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расидааст.

Вобаста ба ҳолати рухдода сохторҳои дахлдор тафтишотро оғоз намудаанд.

Август 14, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд