ШУКУҲИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Академияи миллии илмҳо маҳфили адабӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи арзишҳое мебошад, ки барои ҳар миллату давлат муқаддас буда, заминаи асосии пешрафт ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик имкони таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва рушди илму маорифу фарҳангро пайдо намуд. Ин матлабро 20 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар маҳфили адабию эҷодӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол», ки бо иштироки шоирон ва ходимони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии академия баргузор шуд, баён намуд.
Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди илми тоҷик, ҳифзи забони давлатӣ, омӯзиш ва таҳқиқи мероси адабию фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии дастовардҳои илмӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Истиқлол ба аҳли илму адаб имконият фароҳам овард, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Ин ҳама сулҳу субот самараи заҳмату талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бо сиёсати созандаву дурбинонаи Пешвои миллат дар мамлакат фазои сулҳу суботи сиёсӣ таъмин гардида, барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф, фарҳанг ва адабиёт шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина, аҳли илму адаб вазифадоранд, ки бо истифода аз имконияти фароҳамомада дар таҳкими арзишҳои миллӣ, ҳифзи забону фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ саҳми арзанда гузоранд.
Дар ҳамоиш директори Институти забон ва адабиёт Фарангис Шарифзода, шоирону кормандони институт сухан намуда, дар васфи Истиқлоли давлатӣ, Ватани соҳибистиқлол, сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлол шеърҳо қироат намуданд.
Дар давраи истиқлолият адабиёти тоҷик бо мазмуну муҳтавои тоза ғанӣ гардида, мавзуъҳои Ватан, истиқлол, худшиносии миллӣ, сулҳу ваҳдат ва созандагӣ дар эҷодиёти шоирону адибон ҷойгоҳи хос пайдо намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ташаккули модели сулҳофарии тоҷикон ба ҳисоб меравад
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон китоби дарсии «Сарваршиносӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Вена Симпозиуми байналмилалӣ оид ба кафолатҳои АБНА (Symposium on International Safeguards 2026) баргузор гардид
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






