СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад

Август 16, 2026 15:15

ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак бинои нави дуошёнаи муассисаи  таълимӣ барои 420 хонанда сохта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Дар айни замон корҳои хиштчинии бино идома доранд. Муассисаи таълимӣ аз синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои фаннӣ, толори варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, бо сифат ва тарҳи замонавии ба талабот ҷавобгӯ сохта мешавад.

Беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсил аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, барои амалӣ гардидани чунин иқдом тамоми имконоти мавҷуда истифода бурда мешаванд.

Баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, истифодаи имконоти мавҷуда ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф маҳсуб мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимиятми давлатии шаҳри Норак

 

Август 16, 2026 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд