ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, панҷшанбе, 225-умин рӯзи соли 2026 аст

Август 13, 2026 08:00

13 августи соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави 220-киловолтаи тақсимоти барқ, ки бо навтарин технологияи аврупоӣ бунёд ёфта буд, ба кор дароварда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар маркази шаҳри Норак Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасоне, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

***

13 августи соли 2020 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Алексей Оверчукро ба ҳузур пазируфтанд.

13 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии чапдастон.

***

Дар Тунис – Рӯзи занон.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи ватандӯстдорон.

РӮЙДОДҲО:

13 августи соли 1937 Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 масоили тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.

***

13 августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 дар Душанбе масоили ташкили низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ карда шуд.

***

13 августи соли 2022 бонки «Эсхата» аввалин шуда, дар Тоҷикистон ба муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон платформаи электронии савдои асъори NTP пешниҳод намуд, ки он дастрасии мустақимро ба Биржаи байнибонкии асъории Москва фароҳам меорад.

***

13 августи соли 2023 АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ иттилоъ дод, ки дар таърихи Замин моҳи июл чун моҳи аз ҳама гармтарин ба қайд гирифта шуд, ки дар таърихи мушоҳидаҳо то ҳол чунин ҳолат сабт нашуда буд.

***

13 августи соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1907 дар Ню-Йорк аввалин такси ба кор оғоз намуд.

***

Соли 1928 дар Москва аввалин ҷашнвораи варзишии умумииттифоқӣ баргузор гардид.

***

Соли 1868 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар сарҳади ду давлат – Эквадор ва Перу зиёда аз 25 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, дар ин кишварҳо 300 миллион доллари амрикоӣ хисорот ба қайд гирифта шуд.

***

Соли 1932 дар Рим аввалин санҷиши пахши кӯтоҳи мавҷи радио гузаронида шуд.

***

Соли 1941 дар Канада Корпуси ҳарбии занона таъсис ёфт.

 

Август 13, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, чоршанбе, 224-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, сешанбе, 223-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, душанбе, 222-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, якшанбе, 221-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, шанбе, 220-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, ҷумъа, 219-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, панҷшанбе, 218-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, чоршанбе, 217-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, сешанбе, 216-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 август, душанбе, 215-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 август, якшанбе, 214-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 август, шанбе, 213-умин рӯзи соли 2026 аст