ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба манфиат ва хусусияти табобатии хӯрокҳои миллӣ
ДУШАНБЕ, 02.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои фарҳанг ва мероси ниёгони мо ба ҳисоб мераванд. Онҳо на танҳо барои сер шудан, балки барои нигоҳ доштани саломатӣ низ аҳамияти калон доранд. Аксари онҳо аз маҳсулоти табиӣ, аз қабили ғалладона, сабзавот, лӯбиёгиҳо, гӯшт, шир, равғани табиӣ ва гиёҳҳои хушбӯй омода карда мешаванд. Ин маҳсулот дорои витаминҳо, моддаҳои минералӣ ва дигар ғизоҳои зарурӣ мебошанд, ки ба фаъолияти дурусти организми инсон мусоидат мекунанд.
Яке аз бартариҳои хӯрокҳои миллӣ дар он аст, ки онҳо бо истифода аз маҳсулоти тару тоза омода мешаванд. Масалан, умоч, оши туппа ва бурида, биринҷоба, ойлова, ширчой бо гиёҳҳо, шӯрбо, мастоба ва дигар таомҳои анъанавӣ ҳазмро беҳтар намуда, организми инсонро бо неру таъмин мекунанд. Сабзавоти дар онҳо истифодашаванда фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар карда, ба пешгирии қабзият мусоидат менамояд.
Дар бисёр хӯрокҳои миллӣ гиёҳҳои хушбӯй, аз қабили кашнич, шибит, райҳон ва пудина истифода мешаванд. Ин гиёҳҳо иштиҳоро зиёд намуда, ҳазми хӯрокро осон мекунанд ва дорои хусусияти зиддимикробӣ мебошанд.
Инчунин фоидаи хӯрокҳои миллӣ танҳо дар ҳолате нигоҳ дошта мешавад, ки онҳо бо меъёр истеъмол карда шаванд. Аз ҳад зиёд истифода бурдани равған, намак ё хӯрокҳои хеле серравған метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, риояи меъёр ва гуногунрангии ғизо хеле муҳим аст.
Баъзе хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, аз чумла умоч, оши туппа ва бурида, биринҷова, ойлова, ширчой бо гиёҳҳо ва шӯрбо ба саломатии инсон фоидаовар мебошанд.
Умоч хӯроки қадимии тоҷикон мебошад. Аз сабаби он, ки таоми тезҳазмшаванда мебошад, аксар вақт онро шомгоҳон тайёр мекунанд. Умочро аз гиёҳҳои гуногуни тар ё хушккардашуда омода мекунанд. Ин хӯрок хосияти тоза намудани меъдаю рӯдаҳоро дошта, дамиши шикамро паст ва ҳазмкуниро осон менамояд. Истеъмоли умоч ҳангоми набудани иштиҳо, мондашавӣ ва беҳолӣ фоидабахш аст.
Оши бурида яке аз хӯрокҳои серғизо мебошад. Он аз орд, лӯбиё, нахӯд, сабзавот ва кабудиҳои тару тоза, ба монанди пудина, райҳон кашниз, пиёзи сабз ва печак омода карда мешавад. Ин таом дорои витаминҳо ва сафеда буда, фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар мекунад ва ба ҳазми хуби хӯрок мусоидат мекунад.
Биринҷоба яке аз намудҳои таоми миллии хушхӯр буда, онро бештар ҳангоми бемории зуком истеъмол мекунанд. Ин таом аз биринҷ, об, бехпиёз, помидор, кабудӣ, намак ва мурч тайёр карда мешавад. Барои омода кардани он биринҷ, гиёҳҳои гуногун, намак ва мувофиқи табъ помидор ва мурч низ ҳамроҳ карда, меҷӯшонанд. Баъди пухтан онро ба косаҳо кашида, бо чакка ва қаланфури тунд истеъмол менамоянд.
Ойлова яке аз ғизоҳои дӯстдоштаи сокинони минтақаҳои кӯҳӣ ба шумор меравад. Ин хӯроки сервитаминро дӯстдорони он маҳз дар фасли баҳор тайёр менамоянд. Дар фасли тирамоҳу зимистон онро бо гиёҳҳои хушк омода месозанд. Барои пухтани ойлова растаниҳои худрӯй, аз қабили раҳдавак, гӯши бузак, пудина, сиёҳалаф, ҷоҷӣ, каравчак, шибит, ҷамилак, барги зулф, барги рошак, об ва каме орд зарур аст. Маҳсулот бояд дар оташи на он қадар баланд 30 дақиқа ҷӯшонида шавад. Сипас ба об орд андохта, то ба маҳлул табдил гардиданаш омехта карда, баъд ба дег андохтан зарур аст. Ойловаи омодашударо ба табақи чӯбин кашида, дӯғ ва кашниз ҳамроҳ менамоянд.
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳангоми тайёр намудани хӯрокҳо аз шир низ истифода мебаранд. Масалан, ҳангоми таёйр кардани умочи ба шир ва ширчой аз чанд намуд гиёҳи шифобахш истифода мебаранд. Ширчойро бо чунин тарз омода мекунанд: ба дег каме чойи хушк, намак андохта, ба ҷӯш меоранд. Сипас ширро ба дег рехта, ба он пиёзи бехӣ, пудина ва ё шибиту райҳон илова мекунанд.
Инчунин шӯрбо низ хӯроки сабук ва серғизо буда, барои беморон, кӯдакон ва пиронсолон хеле муфид аст. Ин хӯрок организмро бо моеъ таъмин намуда, иштиҳоро зиёд мекунад ва ба ҳазми хуб мусоидат мекунад.
Чолоб низ яке аз нӯшокиҳои миллӣ буда, махсусан дар фасли тобистон барои рафъи ташнагӣ ва тароват бахшидан ба организм истифода мешавад. Он аз чакка (ё ҷурғот), об ва кабудиҳои хушбӯй омода мегардад. Чаккаро дар зарфи тоза андохта, ба он оби хунук илова карда, тадриҷан омехта мекунем, то якхела шавад. Баъдан мувофиқи табъ намак илова мекунем. Кабудиҳои шуста ва майда резакардашуда ҳамроҳ менамоем. Пеш аз истеъмол чолобро дар яхдон монда, хунук мекунем. Чолобро беҳтар аст дар ҳамон рӯзи тайёр кардан истеъмол намоянд.
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ мероси гаронбаҳои ниёгон буда, инчунин нигоҳдорандаи саломатии одамон мебошанд. Онҳо аз маҳсулоти табиӣ омода шуда, организмро бо тамоми моддаҳои зарурии ғизоӣ таъмин мекунанд. Дар баробари таъми лазиз доштан барои нигоҳ доштани саломатӣ низ аҳамияти калон доранд. Истеъмоли мунтазами онҳо ба риояи меъёр ва мустаҳкам шудани организм, беҳтар шудани фаъолияти узвҳои ҳозима, баланд шудани масуният ва пешгирии баъзе бемориҳо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, нигоҳ доштан ва тарғиби анъанаҳои ғизои милии тоҷикӣ барои ҳифзи саломатии ҷомеа аҳамияти калон дорад.
Таҳияи Фирӯза ШАРИПОВА,
АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯИ МУФИД. Истеъмоли мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
Саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди равишҳои инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОН. Ихтироъкорони тоҷик дар шаш моҳ соҳиби 77 нахустпатент шуданд
ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
ОМОРИ МУОСИР ВА ЗАРУРАТИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ РАҚОБАТПАЗИР. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд






