ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба хушконидани меваҳо бо тарзи муосир

Август 23, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 23.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Меваҳои хушк ва бо усули муосир яхкардашуда (сублиматсионӣ) ба инсон имкон медиҳанд, ки дар ҳама фаслҳо аз фоидаи меваҳои тару тоза баҳра барад. Зеро хусусияти табиӣ ва ғизоии онҳо бештар ҳифз мешавад. Меваи хушки яхкардашуда маҳсулоти аҷибест, ки муҳлати истифодаи дарозро дар бар мегирад. Доир ба тарзи омода кардани он АМИТ «Ховар» ба хонандагони сомона маълумот пешниҳод менамояд.

– Меваҳои хушки яхкардашуда меваҳои тару тозае мебошанд, ки бо усули махсуси хушконидан омода карда мешаванд. Аввал меваҳоро дар ҳарорати хеле паст ях мекунонанд, баъдан дар муҳити вакуумӣ оби яхкардашуда бевосита ба буғ табдил меёбад. Бо ин роҳ қариб тамоми намии мева хориҷ шуда, шакл, ранг, бӯй ва қисми зиёди моддаҳои ғизоӣ нигоҳ дошта мешавад.

Истеҳсоли меваи хушк аз интихоби меваи пухта оғоз меёбад. Мева бояд хушсифат ва осебнадида бошад. Он бояд пеш аз коркард шуста, тоза ва ба қисмҳо ҷудо карда шавад.

Сараввал меваи тайёрро дар таҷҳизоти махсус ҷойгир намуда, дар ҳарорати паст омода мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки оби дар мева мавҷудбуда аз ҳолати моеъ ба ҳолати сахт гузарад. Дар натиҷа маҳсулот тайёр мешавад.

Меваҳои хушки яхкардашуда дар бастаҳои махсус бастабандӣ карда мешаванд. Ин ба маҳсулот имкон медиҳад, ки витаминҳои худро ба муддати тӯлонӣ нигоҳ дорад. Баъзе маҳсулотҳоро то 5 сол, бе ягон талафоти сифат нигоҳ доштан мумкин аст. Дар ҳолате, ки ин маҳсулот дар ҷойҳои махсус нигоҳ дошта шавад.

Бояд гуфт, ки маҳсулоти омодашударо пас аз кушодан зуд истифода бурдан зарур аст, зеро пас аз кушодани баста он сифати худро гум карда, эҳтимоли ба организм зарар расонидан дорад.

Дар меваҳои хушк ва яхкардашуда инчунин витаминҳо ва минералҳои муҳим нигоҳдорӣ мегарданд. Ин шакли меваҳо ҷойи камро ишғол карда, интиқолашон осон аст.

Барои бо ин усул тайёр кардани меваҳо одатан қулфинай, тамашқ (малина), себ, нок, банан, зардолу, ананас, манго ва ангур мувофиқ мебошанд.

Чунин навъи меваҳоро дар тайёр кардани шириниҳо, тортҳо ва барои илова намудан ба хӯрокҳои ширӣ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ истифода бурдан мумкин аст. Ҳангоми истеъмол метавон онҳоро хушк хӯрд ё ба об тар карда истеъмол намуд. Инчунин дар истеҳсоли нӯшокиҳо ва чойҳо низ истифода бурда мумкин аст.

Хулоса, меваҳои сублиматсияшуда яке аз усулҳои муосири нигоҳдории меваҳо мебошанд. Ин усул имкон медиҳад, ки мева ба муддати дароз нигоҳ дошта шавад ва ҳамзамон қисми зиёди хусусияти табиии худро нигоҳ дорад. Афзалияти чунин меваҳо дар он аст, ки қисми зиёди витаминҳо ва моддаҳои фоиданоки онҳо нигоҳ дошта мешавад. Ба онҳо одатан шакар ва консервантҳо илова карда намешаванд. Вазни ин гуна хушкмеваҳо сабук буда, барои истифодаи ҳаррӯза ва бо худ дар сафар гирифтан муносиб мебошанд.

Таҳияи Фирӯза ШАРИПОВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 23, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад