35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 2026, соати 07:00 (бо вақти Душанбе) 8 сентябр, соати 22:00 (бо вақти Ню Йорк) шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд.
Шаршараи боҳашамати Ниагара дар шимолу шарқи қитъаи Амрико, дар байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канада ҷойгир мебошад. Ҳар сония аз шаршараи Ниагара 3,160 тонна об ҷорӣ мешавад. Чор кӯли Супериор, Мичиган, Ҳурон ва Эри ба кӯли Онтарио партофт шуда, ба дарёи Ниагара равон мешаванд. Ин панҷ кӯли бузург тақрибан аз панҷ як ҳиссаи таъминоти оби тозаи ҷаҳонро ташкил медиҳанд.
Чорабинии мазкурро шарорапошии бошукуҳ (салют) ҷолибтар мегардонад.
Чорабинӣ ба таври мустақим дар сомонаи зерин пахш мегардад:
https://www.earthcam.com/canada/niagarafalls/…
ва/ë
https://www.earthcam.com/…/niagarafalls/thefalls/…
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






