АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
ДУШАНБЕ, 09.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистқлолии мамлакат ба ҳисоби миёна аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад. Агар дар охири соли 1991 аҳолӣ 5 миллиону 360,9 ҳазор нафарро ташкил медод, ин шумора то моҳи январи соли 2026 ба 10 миллиону 720,8 ҳазор нафар расидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи маълумоти созмонҳои гуногуни байналхалқӣ ва дохилӣ, Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар байни давлатҳои шуравии собиқ дар ҷойи аввал меистад. Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.
Ба иттилои Раёсати иқтисод ва иҷтимоиёти Созмони Милали Муттаҳид, ки ба омӯзиш ва таҳлили аҳолии ҷаҳон машғул аст, соли 2050 аҳолии Тоҷикистон ба 14.5 миллион нафар баробар мешавад. Ҳамзамон дар ин раддабандӣ ду зина боло рафта, дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойи 5-умро ишғол мекунад.
Нашрияи «Страна» бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ хабар дод, ки давоми 30 сол афзоиши бештари шумораи аҳолӣ дар паҳнои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Тоҷикистон яке аз давлатҳои ҷавонтарин ва дорои қувваи кории фаъол мебошад. Тибқи маълумоти Таҳқиқоти қувваи корӣ-2025 (ТҚК-2025), шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 827 ҳазору 562 нафарро ташкил додааст. Аз шумораи умумии аҳолии машғул 1 миллиону 849 ҳазору 920 нафар (65,4 фоиз) мардон ва 977 ҳазору 642 нафар (34,6 фоиз) занон мебошанд.
Натиҷаҳои Таҳқиқоти қувваи корӣ-2025 нишон медиҳанд, ки бозори меҳнати мамлакат бо нигоҳ доштани мавқеи пешсафи бахши кишоварзӣ тавсиф ёфта, ҳамзамон дар соҳаҳои саноат, савдо, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ низ шумораи зиёди аҳолӣ ба фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифта шудаанд.
Дарозумрӣ
16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чунин иброз намуданд: «Аҳолии мамлакат аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид».
Дарозумрии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо даҳсолаҳои қаблӣ боло рафтааст. Ба таҳлили коршиносон, омили дарозумрии инсонҳо беҳбуди шароити зиндагӣ, таъмини иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, бахусус барои пиронсолон мебошад.
Тавре директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод иттилоъ дод, дар мамлакат беш аз 230 нафар нафақагирони аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд. Нафақагирони аз садсола боло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 нафар, вилояти Суғд — 37 нафар, Хатлон — 103, шаҳри Душанбе — 13 нафар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 84 нафар мебошанд.
Тибқи пажӯҳишҳои Созмони Милали Муттаҳид, сабабҳои зиёд шудани умри инсон рушди иқтисодӣ, кам шудани фавти кӯдакон, кам шудани фавт дар байни аҳолии қобили меҳнат, коҳиш ёфтани истеъмоли машрубот ва тамоку, «инқилоби дилу рагҳо» (муборизаи муваффақона бар зидди бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, аз ҷумла инсулт); кам гаштани шумораи куштор ва худкушӣ мебошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои судманд меандешад. Дар айни замон дар мамлакат «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.
Барӯйхатгирии аҳолӣ
Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат солҳои 2000, 2010 ва 2020 маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шудааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 31 октябри соли 2030 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.
Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил манбаи муҳими маълумоти оморӣ буда, барои муайян намудани вазъи воқеии аҳолӣ ва шароити зиндагии онҳо аҳамияти калон дорад. Натиҷаҳои он барои рушди устувори мамлакат ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон истифода мешаванд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон









Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст






