Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд

Сентябрь 21, 2026 14:19

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд.

Дар ҷаласа ҳайати ҳакамон ва комиссияи апеллятсионӣ муайян гардида, масъалаҳои ташкилию техникии марбут ба баргузории озмун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иброз гардид,  ки даври ниҳоии озмун ба фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиён, таъмини шаффофияти раванди озмун ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои марбут ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Ҳамчунин масъалаҳои таъмини иштирокчиён бо ҷойи зист, хӯрок, нақлиёт, ташкили маҳфили фарҳангӣ, экскурсияҳо ва барномаи фарҳангии марбут ба озмун баррасӣ шуданд.

Баргузории чунин  озмунҳо барои баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон ба мутолиа, омӯзиши осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таҳкими маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва густариши фарҳанги китобхонӣ дар байни донишҷӯён заминаи муҳим фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ карда шудааст, бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гузаронида мешавад.

Мақсади он дар байни ҷавонони лаёқатманди муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дар баробари азбар намудани касбу кори гуногун ҳамзамон талқин ва омӯзонидани Мактаби давлатдории Пешвои миллат мебошад.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2026 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш