Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ мутахассисон, муҳандисон ва коргарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти неругоҳ иттилоъ доданд.
Мукофотҳои давлатӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони неругоҳ аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода тақдим карда шуданд.
Зимни маросим таъкид гардид, ки ҳар як қадами гузошташуда дар сохтмони «Роғун» ва заҳмати шабонарӯзии бунёдкорони он зери таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат қарор дорад.
Шахсони қадрдонигардида изҳор доштанд, ки ин бовариву қадршиносӣ онҳоро барои боз ҳам бо суръату сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ водор месозад.
АКС: Маъмурияти Неругоҳи барқи обии «Роғун»
















































Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд






