Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Ёддошти тафоҳум 21 сентябр дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо раиси Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Абдурризо Ҷавон Ҷаъфарии Буҷнурдӣ ба имзо расонида шуд. Ҳадафи асосии Ёддошти тафоҳум ба роҳ мондан ва рушди муносибатҳои академӣ, таҳкими ҳамкории илмӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи илм ва таҳсилот мебошад.
Дар ёддошт таҳияи стратегияи муносиб барои мубодила ва қабули донишҷӯёни зинаҳои бакалавр, магистратура, докторантура ва муҳаққиқони баъдидокторӣ, баргузории машғулияти таълимӣ, барномаҳои рушди малакаҳо, иштирок дар конфронсҳо, машваратҳо, вохӯриҳо ва муҳокимаҳои илмӣ, инчунин ташкили конфронсҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар санад ба рушди таълими забони форсӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Ин иқдом барои таҳкими робитаҳои забонӣ, фарҳангӣ ва илмии байни ду мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон тарафҳо барои иштирок дар лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, ки аз ҷониби ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил ва дастгирӣ карда мешаванд, ҳамкорӣ хоҳанд намуд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки густариши робитаҳои илмӣ байни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Эрон барои рушди минбаъдаи илму маориф, табодули таҷриба ва истифодаи самараноки имконияти мавҷуда заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






