Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Сентябрь 14, 2026 08:28

ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Санкт-Петербург ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнвораи расмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия хабар доданд.

Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург, вазорати корҳои хориҷӣ, Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург, корпуси дипломатӣ, доираҳои сиёсию соҳибкорӣ, фарҳангӣ ва ҳамватанон иштирок намуданд.

Дар доираи ҷамъомад ҳамчунин намоишгоҳи фарҳангӣ баргузор гардида, тавассути намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, китобҳо ва аксҳо таъриху фарҳанги ғанӣ, табиати нотакрор ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба меҳмонон муаррифӣ карда шуданд.

 

АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия

Сентябрь 14, 2026 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд