Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид

Сентябрь 9, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони истиқлол дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи 30 миллиард сомонӣ 63 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ карда шуд. Дар натиҷа 3200 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 254 пул, 43 километр нақби нақлиётӣ ва дигар иншооти мураккаби роҳсозӣ бунёд гардиданд. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сентябр дар шаҳри Душанбе.

Пешвои миллат афзуданд, ки ҳамзамон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат 220 километр роҳи оҳан бо зерсохтори зарурӣ бунёд ва ба истифода дода шуд, ки иқтидори транзитии кишварро тақвият бахшид.

Гуфта шуд, ки бо татбиқи лоиҳаҳои бузурги роҳсозӣ нахустин бор дар таърихи давлатдории тоҷикон шабакаи ягонаи нақлиётии кишвар ташаккул ёфта, Тоҷикистон, ки се минтақаи он ҳар сол зиёда аз шаш моҳ аз ҳамдигар ҷудо мемонд, яъне аз кишвари сепорча ба қаламрави воҳид табдил дода шуд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 9, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад