Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ оғоз шуд

Сентябрь 23, 2026 17:38

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ фаро расид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, соли 2026 эътидоли тирамоҳӣ ба 23 сентябр, соати 00:05 ба вақти ҷаҳонӣ (UTC) баробар ба соати 05:05-и субҳ ба вақти Душанбе рост омад. Ин лаҳза оғози тирамоҳи астрономӣ дар нимкураи шимолии Замин ва оғози баҳори астрономӣ дар нимкураи ҷанубӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми эътидоли тирамоҳӣ маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии солонаи худ экватори осмонро аз шимол ба ҷануб убур мекунад. Дар ин лаҳза майли Офтоб, яъне масофаи кунҷии он аз экватори осмон ба сифр баробар мешавад.

Дар рӯзи эътидол давомнокии рӯз ва шаб дар аксари минтақаҳои Замин тақрибан баробар аст. Бо вуҷуди ин, фосилаи байни тулӯъ ва ғуруби Офтоб одатан каме бештар аз 12 соатро ташкил медиҳад. Ин фарқият ба андозаи зоҳирии қурси Офтоб ва шикасти нурҳои он дар атмосфера вобаста аст. Аз ин рӯ, баробаршавии воқеии давомнокии шабу рӯз вобаста ба арзи ҷуғрофии маҳал метавонад чанд рӯз пеш ё баъд аз эътидол ба амал ояд.

Дар экватори Замин Офтоб дар ин рӯз ҳангоми нисфирӯзии маҳаллӣ тақрибан дар зенит — нуқтаи осмон дар болои сари мушоҳид  қарор мегирад. Пас аз эътидоли тирамоҳӣ дар нимкураи шимолӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон кӯтоҳшавии рӯзҳо ва дарозшавии шабҳо то фарорасии инқилоби зимистонӣ идома меёбад. Дар нимкураи ҷанубӣ рӯзҳо тадриҷан дарозтар мешаванд.

Барои дарки ин падида ду мафҳуми астрономӣ аҳамият доранд: экватори осмон доираи бузургест, ки аз буриши ҳамвории экватори Замин бо кураи осмон ҳосил мешавад; эклиптика роҳи зоҳирии солонаи ҳаракати Офтоб дар кураи осмон аст. Ҳамвориҳои экватори осмон ва эклиптика нисбат ба ҳам тақрибан 23,4 дараҷа моиланд. Ин моилӣ ҳангоми эътидол низ нигоҳ дошта мешавад.

АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2026 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад