ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули низоми нави иқтисодӣ, рушди соҳибкорӣ, густариши муносибатҳои бозорӣ ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо давлатҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин раванд таъсис ва рушди ниҳодҳое, ки метавонанд манфиатҳои соҳибкоронро ҳимоя намуда, робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро густариш диҳанд, аҳамияти махсус пайдо намуд.
— Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон яке аз чунин ниҳодҳои муҳими иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ки давоми фаъолияти худ дар рушди соҳибкорӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии вилояти Хатлон саҳми назаррас гузоштааст.
Имрӯз дар остонаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлонро метавон яке аз намунаҳои ташаккули тадриҷӣ ва босамари ҳамкории соҳибкорони ватанӣ бо бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ намуд.
Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон 26 декабри соли 1997 таъсис дода шуд. Таъсиси палата ба марҳилаи нави фаъолияти он оғоз бахшид. Ҳадафҳои асосии он мусоидат ба рушди иқтисодиёти вилоят, ҳамгироии он ба низоми хоҷагидории ҷаҳонӣ, ташаккули зербинои муосири муносибатҳои бозорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, танзими муносибатҳои соҳибкорон бо шарикони иҷтимоӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ бо соҳибкорони кишварҳои хориҷӣ муайян гардиданд.
Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон давоми фаъолият бо корхонаҳо, ширкатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Яке аз вазифаҳои муҳими палата расонидани ёрии амалӣ ва машваратӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ мебошад. Соҳибкорон оид ба масъалаҳои пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, баромадан ба бозорҳои хориҷӣ, анҷом додани амалиёти тиҷорати байналмилалӣ, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ ва муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ роҳнамоӣ мегиранд.
Чунин фаъолият ба соҳибкорони вилоят имкон медиҳад, ки имконияти бозори дохилию хориҷиро бештар истифода намуда, маҳсулоти худро ба бозорҳои нав бароранд ва барои густариши фаъолияти худ шарикони боэътимод пайдо намоянд.
Яке аз дастовардҳои муҳими палата дар давраи Истиқлолияти давлатӣ густариши робитаҳои байналмилалӣ мебошад. Бо мақсади пайвастани соҳибкорони ватанӣ бо соҳибкорону ширкатҳои хориҷӣ ва фароҳам овардани имконияти нави ҳамкории иқтисодӣ палата бо беш аз 100 палата ва сохторҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ муносибатҳои ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон, Олтой, шаҳри Сочи, вилоятҳои Оренбург, Курган ва Ивановои Федератсияи Русия, шаҳрҳои Остона ва Алмато, вилоятҳои Павлодар ва Ақмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон, департаменти ҷанубии Ҷумҳурии Қирғизистон, вилояти Гомел ва шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, шаҳри Киев ва вилоятҳои Хмелнитский, Кировоград ва Полтаваи Ҷумҳурии Украина, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон ва Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон, вилоятҳои Гелон ва Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳрҳои Қуния, Газиантеп, Бурса ва Инеғоли Ҷумҳурии Туркия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд.
Ин робитаҳо барои мубодилаи таҷриба, ҷустуҷӯи шарикони нав, ҷалби сармоя, густариши содирот ва ворид намудани технологияҳои муосир ба иқтисодиёти минтақа заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ба баргузории намоишгоҳҳои дохилию байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамтоёни хориҷӣ дар вилояти Хатлон чорабиниҳои муҳим баргузор гардиданд.
Аз ҷумла, соли 2005 намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони музофоти Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин, соли 2007 намоиш–фурӯши сайёри молистеҳсолкунандагони Ҷумҳурии Чехия, намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолкунандагони Ҳиндустон дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, инчунин намоишгоҳи байналмилалии «Агро-Экспо-Хатлон-2013» баргузор шуданд.
Ҳамчунин ҳафт маротиба намоишгоҳҳои байналмилалии таълимӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эрон ва намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолкунандагони вилояти Хатлон дар шаҳри Термизи Ҷумҳурии Узбекистон доир гардиданд.
Ин намоишгоҳҳо на танҳо барои муаррифии имконияти истеҳсолии вилоят, балки барои пайдо намудани бозорҳои нави фурӯш, ҷалби сармоя ва ба роҳ мондани робитаҳои мустақими соҳибкорон бо шарикони хориҷӣ аҳамияти калон доранд. Дар солҳои охир фаъолияти палата боз ҳам густариш ёфта, дар ташкили чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Аз ҷумла, палата соли 2025 дар баргузории Форуми байналмилалӣ ва намоишгоҳи сайёҳӣ дар шаҳри Кӯлоб ва соли 2026 дар мавзеи сайёҳии «Чилдухтарон»-и ноҳияи Муъминобод иштироки аъзояшро таъмин намуд.
Инчунин дар доираи форумҳои байналмилалии «Бохтар Фуд» ва «Хатлон Инвест» солҳои 2022–2025 дар шаҳри Бохтар иштироки аъзоёни палатаро таъмин намуд.
Намоиш–фурӯши молу маҳсулоти вилояти Хатлон дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон солҳои 2024–2025 ва 2026 низ аз ҷумлаи чорабиниҳое мебошад, ки ба муаррифии иқтидори истеҳсолии вилоят дар хориҷи кишвар мусоидат намуд.
Бори аввал бо дасгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташабуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «ТОП-35 шарики боэътимод» баргузор гардид, ки дар озмун аз вилояти Хатлон 25 ширкату корхона ва соҳибкорон иштироки фаъолона намуданд ва дар натиҷа 6 ширкат соҳиби ҷоиза гардид. Ҳамзамон 19 ширкату корхона ва соҳибкорони инфиродӣ соҳиби сертификати шарики боэътимоди сол шуданд.
Бояд гуфт, ки бо пешниҳоди Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади рушди содирот ва фароҳам овардани имконияти саривақтӣ барои ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии соҳибкорони вилоят платформаи «Агромаркет Хатлон TJ» ба фаъолият оғоз менамояд. Ин платформа метавонад дар рушди содирот ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолии вилояти Хатлон дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар саҳми назаррас гузорад. Фурӯши маҳсулот тавассути ин платформа дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат метавонад ба васеъ намудани имконияти соҳибкорон, зиёд намудани ҳаҷми фурӯш ва рушди содироти маҳсулоти истеҳсоли вилояти Хатлон мусоидат намояд.
Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон 984 маротиба бо намояндагони палатаҳои савдо ва саноати хориҷӣ ва корпусҳои дипломатӣ вохӯриҳо баргузор намуд, 36 форуми соҳибкорӣ доир кард, 424 ҳамоиш, машғулият ва даврҳои омӯзишӣ ташкил намуд. Инчунин иштироки тақрибан 1600 соҳибкори вилоятро дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ таъмин намуд. Палата 102 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дуҷониба бо палатаҳои савдои хориҷӣ ба имзо расонид. Ба соҳибкорон 1624 пешниҳоди тиҷоратӣ аз ҷониби ширкату корхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дастрас намуд. Иштироки 1250 соҳибкорони вилоятро дар вохӯриҳои рӯ ба рӯ (B2B) дар дохил ва хориҷи кишвар таъмин намуд.
Ин рақамҳо шаҳодат медиҳанд, ки Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон солҳои охир ба яке аз василаҳои муҳими пайвастани соҳибкорони вилоят ба муҳити тиҷоратии байналмилалӣ табдил ёфта, барои рушди ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби шарикони хориҷӣ, густариши содирот ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолии вилоят дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ саҳми назаррас мегузорад.
Бояд гуфт, ки барои соҳибкорон танҳо мавҷуд будани маҳсулоти рақобатпазир кофӣ нест. Муҳим аст, ки онҳо имкони муаррифии маҳсулоти худро дар бозорҳои хориҷӣ дошта бошанд. Бо дарки ҳамин масъала палата бо дастгирии шарикони рушд ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки соҳибкорони вилоятро дар якчанд намоишгоҳҳои байналмилалӣ таъмин намудааст.
Соҳибкорони вилояти Хатлон дар чорабиниҳои тиҷоратие, ки дар шаҳрҳои Остона ва Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон, Истанбул, Анталия ва Қунияи Ҷумҳурии Туркия, Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, Киев, Тошканд, Самарқанд, Тирмиз, Теҳрон, Машҳад, Урумчӣ ва Сиан иштирок намуданд. Иштирок дар чунин чорабиниҳо ба соҳибкорон имконият дод, ки бо технологияҳои муосир шинос шаванд, таҷрибаи кишварҳои дигарро омӯзанд, шарикони тиҷоратӣ пайдо кунанд ва маҳсулоти худро ба доираи васеи харидорон ва сармоягузорон пешниҳод намоянд.
Фаъолияти палата танҳо бо баргузории намоишгоҳҳо ва мулоқотҳои соҳибкорӣ маҳдуд намешавад. Он дар барқарор намудани робитаҳои мустақими иқтисодӣ, иттилоотӣ ва тиҷоратии соҳибкорони вилоят бо ҳамтоёни хориҷӣ нақши пайвандгарро иҷро мекунад.
Дар ин замина вохӯриҳо бо намояндагони палатаҳои хориҷӣ, корпусҳои дипломатӣ ва тиҷоратӣ, нишастҳои матбуотӣ, мизҳои мудаввар, форумҳои соҳибкорӣ, даврҳои омӯзишӣ ва машғулият баргузор мегарданд. Маҳз чунин чорабиниҳо барои муайян намудани имконияти нави ҳамкорӣ, ҷалби сармоягузорон, рушди истеҳсолот ва зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти вилоят замина фароҳам меоранд.
Ҳоло 408 ширкату корхона, хоҷагии деҳқонӣ ва соҳибкори инфиродӣ аз вилояти Хатлон аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Афзоиши шумораи аъзо нишон медиҳад, ки соҳибкорон нақши палатаро дар дастгирии фаъолияти иқтисодӣ, пешниҳоди иттилооти тиҷоратӣ, барқарор намудани робита бо шарикони хориҷӣ ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мекунанд. Густариши минбаъдаи узвият ва ҷалби бештари субъектҳои соҳибкорӣ метавонад ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкории иқтисодӣ ва истифодаи имконияти нави бозор мусоидат намояд.
Имрӯз дар назди Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон вазифаҳои нав ва масъулияти бештар қарор доранд. Ҷаҳонишавии иқтисод, рушди босуръати технологияҳои муосир, рақобати бозорҳои байналмилалӣ ва талаботи рӯзафзун ба маҳсулоти рақобатпазир аз соҳибкорон муносибати нав ва фаъолияти бештарро тақозо менамояд. Дар чунин шароит палата ҳамчун маркази муассири дастгирии соҳибкорӣ фаъолият намуда, барои густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва афзоиши иқтидори содиротии вилояти Хатлон мусоидат менамояд.
Муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, пайдо намудани бозорҳои нави содиротӣ, ҷалби технологияҳои муосир, таҳкими ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва рушди робитаҳои тиҷоратии мустақим аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки метавонанд ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти минтақа такони бештар бахшанд.
Хулоса, Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон давоми фаъолияти худ роҳи назаррасеро тай намудааст. Аз як бюрои хурде, ки дар ибтидо ҳамагӣ се корманд дошт, то ниҳоди муҳими дастгирии соҳибкорӣ ва густариши ҳамкории иқтисодии байналмилалӣ расидани ин сохтор натиҷаи марҳилаҳои пайвастаи рушд ва фаъолияти самаранок мебошад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ палата дар ташаккули робитаҳои нави иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорон, баргузории форуму намоишгоҳҳо, ҷалби сармоя, рушди содирот ва муаррифии имконияти иқтисодии вилояти Хатлон саҳми назаррас гузоштааст.
Бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон минбаъд низ тамоми имконияти мавҷударо барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, муаррифии молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар истифода хоҳад кард.
35 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон танҳо марҳилаи таърихӣ нест, балки мактаби бузурги таҷриба, ҳамкорӣ ва талош барои рушди иқтисодӣ мебошад. Дастовардҳои минбаъдаи палата ба рушди соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолии вилояти Хатлон ва болоравии нуфузи маҳсулоти тоҷикӣ дар бозорҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.
Амрулло НУРАЛИЗОДА,
директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон
АКС: АМИТ «Ховар»/аз муаллиф








Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар Ҳисор маркази забономӯзӣ, муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои тиббию дандонпизишкӣ ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 200 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад






