Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд

Сентябрь 6, 2026 14:20

ШАҲРИНАВ, 06.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» дар муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳои ноҳияи Шаҳринав 556,3 тонна ангишт, 397 метри мукааб ҳезум ва 1130 литр сӯзишвории дизелӣ захира гардидааст. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 9 буғхона мавҷуд буда, 766 бухорӣ, 27 генератори барқдиҳанда ва 154 дастгоҳи гармидиҳии барқӣ омода мебошанд.

Муассисаҳои таълимии №1, 3, 15, 42, 45, кӯдакистонҳои рақами 1-2 ва Литсей барои хонандагони болаёқат ба хати барқи озод пайваст мебошанд. Инчунин дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз соли 2025 11 тонна ангишт ва 7,5 метри кубӣ ҳезум боқӣ мондааст.

Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав ва беморхонаи минтақавӣ, Маркази ташхиси санитарию эпидемиологӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ ва марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ 47,6 тонна ангишт, 27 метри мукааб ҳезум, 640 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.

Бояд гуфт, ки муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия бо 89 гармкунаки барқӣ, 41 печкаи аловӣ, 5 генератори барқии коршоям таъмин намудаанд. Беморхонаи марказии ноҳия бо хати озоди барқ таъмин буда, системаҳои болерӣ дар шуъбаҳои беморхона дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Масъулини соҳаҳои тандурустию маорифи ноҳияи Шаҳринав иброз доштанд, ки зимистони дарпешистодаро дар сатҳи баланд сипарӣ менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд