Намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ иштирок доранд

Сентябрь 15, 2026 17:20

ДУШАНБЕ. 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14  сентябр дар Маркази байналмилалии Венаи Ҷумҳурии Австрия иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) оғоз гардид, ки он то 18 сентябр идома меёбад. Дар кори иҷлосия ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори конфронс идомаи мантиқии сиёсати созанда ва дурбинонаи давлат дар самти таҳкими сулҳу субот, амнияти байналмилалӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи технологияҳои муосир ба манфиати рушди устувор мебошад.

Конфронси хусусияти ҷашнӣ дошта, 70-умин ҳамоиши пайдарпайи солонаи давлатҳои аъзои агентӣ аз замони таъсиси он дар соли 1957 ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни иҷлосия намояндагони воломақоми давлатҳои аъзо масъалаҳои калидии истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ, амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, амнияти ҷисмонии маводи ядроӣ, низоми кафолатҳои паҳн накардани силоҳи ядроӣ, ҳамкории техникӣ ва истифодаи технологияҳои ядроиро ба манфиати рушди устувор баррасӣ менамоянд.

Дар ин замина сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои амнияти экологӣ, ҳифзи захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувор аҳаммияти махсус медиҳад.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, ба ташаккули рӯзномаи нави байналмилалӣ дар самти ҳифзи захираҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти экологӣ мусоидат менамоянд.

Дар доираи иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ баргузории чорабинии махсуси канорӣ (Side Event), бахшида ба масъалаҳои барқарорсозии экологӣ ва бехатаргардонии объектҳои мероси уранӣ, низ пешбинӣ шудааст.
Дар ин чорабинӣ масъалаҳои идомаи корҳои барқарорсозӣ дар объектҳои мероси уранӣ, таъмини амнияти дарозмуддати радиатсионӣ ва экологӣ, мониторинги баъди барқарорсозӣ, таҳкими иқтидори миллии давлатҳои минтақа ва ҷалби бештари шарикони байналмилалӣ ва донорҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Баргузории чунин ҳамоиш имконият фароҳам меорад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати идомаи корҳои муштарак дар самти рафъи оқибатҳои фаъолияти собиқи саноати уран дар Осиёи Марказӣ ҷалб гардида, ҳамкории давлатҳои минтақа бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ ва дигар шарикони байналмилалӣ тақвият ёбад.

Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала бо ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо, захираҳои об, муҳити зист ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим ҳамоҳанг буда, ба як ҳадафи умумӣ — ҳифзи муҳити зист ва таъмини шароити бехатару устувори зиндагӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда равона гардидааст.

Дар ҳошияи ин конфронс Тоҷикистон бо роҳбарияти Агентии байналмилалии неруи атомӣ намояндагони давлатҳои аъзо ва шарикони байналмилалӣ вохӯрӣ намуда, масъалаҳои густариши ҳамкории техникӣ, татбиқи лоиҳаҳои миллӣ ва минтақавӣ, рушди инфрасохтори амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, истифодаи технологияҳои ядроӣ дар соҳаҳои тиб, илм, кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин ҷалби дастгирии байналмилалӣ барои татбиқи афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намояд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ оғоз шуд
Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дар Конфронси генералии АБНА таҷрибаи Тоҷикистон доир ба барқарорсозии иншооти мероси уранӣ муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба 115–солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ баррасӣ гардид
Масоили таҳкими ҳамкорӣ байни академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид