Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави маъмурии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки бино аз 11 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва дигар зерсохтори Кумита ҷойгир карда шудаанд.
Дар бинои мазкур 61 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 98 ҷой, ошхона барои 40 нафар, китобхона, ду толори машваратӣ, таҳхонаи дуқабата барои нақлиёти хизматӣ мавҷуд мебошад.
Бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар корҳои сохтмонӣ маҳсулоти баландсифати ватанӣ истифода шудааст.
Корҳои сохтмонӣ соли 2024 оғоз ёфта, фармоишгари бунёди иншоот Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати сохтмонии Бинокорон» мебошад.
Зимни боздиди шароит ва имконоти муҳайёгардида дар иншооти тозабунёд муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро даъват намуданд, ки аз шароиту имконияти мусоид самаранок истифода бурда, ба нафъи давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.
Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба кормандони соҳаи дин дар рӯзҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз кормандон ва масъулони соҳа даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имконияти муҳайёгардида тамоми кӯшиш ва талошро барои пешрафти соҳаи мазкур дар кишвар равона созанд.
Кормандон барои ғамхорӣ ва дастгириҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сипосу миннатдории амиқ баён доштанд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе













Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






