ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Табибон тавсия медиҳанд, ки ба ҳисоби миёна ҳар нафари калонсол барои нигаҳдории тарзи ҳаёти солим дар як рӯз тақрибан то 10 ҳазор қадам бояд гузорад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бар асоси пажӯҳишҳои зиёд ба хулосае омадааст, ки 10 000 қадам ва ё гаштугузори ҳаррӯза ба пешгирии баъзе бемориҳо мусоидат мекунад. Ба ин бемориҳо на танҳо бемориҳои устухонӣ, фишори хун, диабети қанд, инчунин кардиомиопатия ва баъзе намудҳои саратон низ дохил мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» мутахассиси Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Худойқулова иброз намуд, пас аз хӯроки шом роҳ рафтан ба шумо имкон медиҳад, ки вазни худро кам намоед. Ҳамзамон гаштугузор метавонад бемории қалбро дар пиронсолон пешгирӣ кунад.
Ба тавсияи мутахассис, пиёдагардӣ бемории диабети қандро 30 фоиз пешгирӣ мекунад. Инчунин барои нигоҳ доштани саломатӣ ва пешгирии бемориҳо ба калонсолон тавсия дода мешавад, ки дар як рӯз беш аз 7 000 қадам монанд.
Мувофиқи тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар як ҳафта бояд ҳадди ақалл 150 дақиқа фаъолияти ҷисмонии муътадил (ба мисли роҳгардии тез) дошта бошед, ки ин тақрибан ба 30 дақиқа дар як рӯз (панҷ рӯз дар ҳафта) баробар аст.
Меъёри пиёдагардӣ (қадам)
Меъёри қадамҳо вобаста ба синну сол фарқ мекунад. Ҷавонон ва калонсолон (то 60-сола) бояд дар як рӯз беш аз 8 000 қадам гузоранд. Барои шахсони калонсол (аз 60-сола боло) беш аз 6 000 қадам дар як рӯз барои нигоҳ доштани фаъолияти бадан ва дарозумрӣ кифоя аст. Инчунин кӯдакон ва наврасон дар як рӯз бояд беш аз 10 000 қадам гузоранд, зеро бадани онҳо ба ҳаракати бештар ниёз дорад.
Пиёдагардӣ ва фоидаи он
Барои устухонҳо. Пиёдагардӣ барои одамони гирифтори остеопороз фоидаовар мебошад.
Дарозумрӣ. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки одамони аз 50 то 60-солае, ки мунтазам машқ мекунанд ё пиёда мегарданд, солим ва дарозумр мешаванд.
Хушҳолӣ. Чӣ қадаре ки инсон қадами бештар мемонад, руҳияаш беҳтар мегардад. Пиёдагардӣ ба истеҳсоли эндорфинҳо (моддаҳои биологӣ ва нейропептидҳо, ки онҳоро «гормонҳои шодӣ ва хушбахтӣ» меноманд) мусоидат мекунад.
Барои лоғар шудан. Пиёдагардӣ яке аз усулҳои асосӣ, бехатар ва самаранок барои харобшавӣ ва кам кардани вазни бадан мебошад. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки танҳо бо давидан ё машқҳои вазнин хароб шудан мумкин аст, аммо пиёдагардӣ дар ин самт фоидаи бештар дорад. Таҳқиқоти тиббӣ нишон медиҳанд, ки пиёдагардии мунтазам маҳз барои кам кардани чарбуи атрофи шикам ва узвҳои дохилӣ кумак мекунад. Ин на танҳо қоматро зебо месозад, балки хатари диабетро низ кам мекунад.
Хотираи қавӣ. Таҳқиқоти дар байни 6 ҳазор зани 65- сола ва калонтар гузаронидаи олимон нишон дод, ки коҳиши хотираи ба синну сол вобаста дар онҳое, ки бештар пиёда мераванд, камтар аст. Хотираи занҳое, ки дар як рӯз 3 километр роҳ тай мекунанд, 17 фоиз коҳиш ёфтааст, дар ҳоле ки хотираи заноне, ки камтар аз 1 километр дар як ҳафта пиёда мегаштанд, 25 фоиз коҳиш ёфтааст.
Сайру гашт ва пиёдагардӣ барои саломатии инсон хеле муҳиму фоидаовар аст. Он фаъолияти мағзи сар ва хотираро беҳтар намуда, асабониятро бартараф мекунад, фаъолияти дилу рагҳоро беҳтар карда, таппиши онро ба меъёр медарорад, буғумҳоро мустаҳкам намуда, ҳаракатро осон мекунад.
Ба кадом одамон пиёдагардӣ зарар дорад?
Пиёдагардӣ дар баробари фоида овардан зарар ҳам мерасонад. Баъзе бемориҳое ҳастанд, ки дар давраи авҷгирии шадиди он бемор бояд пиёда нагардад ё ҳаракати зиёд накунад. Дар чунин ҳолатҳо маслиҳат ва назорати мутахассис зарур аст. Яъне ҳангоми ҳаракат талаботи дил ба оксиген зиёд мешавад, ки ин метавонад боиси хурӯҷи дарди қафаси сина ё сактаи дил (инфаркт) гардад. Нафароне, ки фишори хунашон баланд аст, дар ин ҳолат пиёдагардӣ тавсия дода намешавад. Зеро он хатари сактаи мағзиро (инсулт) зиёд мекунад. Беморон пеш аз ҳаракати ҷисмонӣ ё пиёдагардӣ бояд ҳатман бо мутахассис машварат намоянд.
Қадам ё давидан?
Пиёдагардӣ нисбат ба давидан хатари камтар дорад. Қадам задан метаболизмро афзоиш медиҳад, хатари бемориҳои музмин ва фарбеҳиро коҳиш медиҳад ва барои идора кардани стресс кумак мекунад. Дар одамони ҷавон ва солим давидан барои беҳтар намудани кори дил ва сӯзонидани калория хубтар аст. Аммо агар синну солатон калон бошад, мушкили буғумҳо дошта бошед ё нав ба варзиш оғоз карда бошед, пиёдагардӣ беҳтар ва бехатар мебошад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳоро таҷлил менамояд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст






