ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд

Сентябрь 19, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 сентябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея сафари расмӣ анҷом доданд. Рӯзҳои 16 ва 17 сентябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Корея баргузор гардида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Ли Ҷе Мён, Сарвазири ин кишвар хонум Ҳан Сон Сук ва Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқоту вохӯриҳои судманд анҷом дода, ҳамчунин дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” ва Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни ин сафари таърихӣ ва пурарзиш Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея ва Дараҷаи фахрии 9-уми Таэквондо сарфароз гардонда шуданд.

Барои натиҷагирӣ аз ин сафари расмӣ аз таърихи муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ёдовар шудан бамаврид аст.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор гардида, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 2015 ифтитоҳ ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 ифтитоҳ ёфтааст.

Ба ҳолати то моҳи марти соли 2025 заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро 20 санади ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея моҳи майи 2005 сафари корӣ ва моҳи апрели соли 2015 сафари расмӣ анҷом додаанд. Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея дар соли 2015 Пешвои миллат ҳамчунин дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Моҳи июли соли 2019 Сарвазири Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод.

25 октябри соли 2022 дар шаҳри Сеул ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

21 феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе Дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIСА) расман ба фаъолият оғоз намуда, 31 октябри соли Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли Ҷумҳурии Корея оид ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути Низоми иҷозати кор (EPS) ба имзо расонида шудааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи кишварҳо тамоюли афзоиши устуворро касб намуда, соли 2024 ба беш аз 150 миллион доллари ИМА расидааст. Дар шаш моҳи соли 2026 нишондиҳандаи гардиши савдои хориҷи байни ду давлат дар муқоиса ба шаш моҳи соли 2025 қариб 30 фоиз афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти оморӣ, дар айни ҳол дар Тоҷикистон 39 ширкат бо иштироки сармояи Корея ба қайд гирифта шудааст.

16 сентябр сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул бо маросими гулгузорӣ дар назди Маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллӣ оғоз гардид. Дар ин маросим Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Корея арзи эҳтиром намуда, баъди дақиқаи хомушӣ ба хотири руҳи гузаштагон дар китоби меҳмонони фахрӣ дастхат гузоштанд.


Сипас дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Корея мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид.

Дар мулоқоти сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ли Ҷе Мён масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои байнидавлатӣ баррасӣ шуд.

Зимни мулоқоту музокирот тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Корея аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, пайвандҳои таърихӣ, муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва арзишҳои инсондӯстии мардумони ду кишвар таъкид карда шуд.

Муколамаи фаъоли сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатӣ омили таконбахши муносибатҳои гуногунҷанба миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ гардид.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея заминаи муносиби ҳуқуқии робитаҳо фароҳам мебошад.


Таъкид гардид, ки дар робитаҳои ду кишвар авлавият ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, рақамикунонӣ, технология ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ дода мешавад.

Иштироки фаъоли доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва технологияҳои навини Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Аз баргузории Форуми нахустини маъданҳои муҳимми Тоҷикистону Корея дар шаҳри Сеул дар моҳи август ва муаррифии имконоти сармоягузорӣ ба бахши коркарди захираҳои маъдании Тоҷикистон истиқбол карда шуд.

Иштироки фаъоли ниҳодҳои дахлдор ва сармоягузорони Корея дар амалисозии лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон ба манфиати кор дониста шуда, идомаи татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳаи “Рушди деҳоти Тоҷикистон”, ки дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея шуруъ аз соли 2021 амалӣ мегардад, муҳим арзёбӣ гардид.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди зарфияти инсонӣ тавассути барномаҳои таълимию академӣ ва ҷудо намудани квотаҳои давлатии таҳсилӣ ба шаҳрвандони мо муҳим донистанд.

Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки теъдоди ин бурсияҳо, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, авиатсия ва муҳандисӣ зиёд гардида, ба тавсеаи робитаҳои миёни ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ ва ташкили парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Корея бартарӣ дода шавад.

Дастгирии молиявии лоиҳаи сохтмони бинои асосии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”, ҳамкорӣ дар доираи иқдоми муштараки кишварҳо ва ташаббуси ҷониби Корея — “Дурнамои шарикии Осиёи Марказӣ – Корея дар самти зеҳни сунъӣ, илм ва технология” ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар бахши сайёҳӣ, бахусус дар самти рушди инфрасохтори соҳа аз мавзуъҳои муҳими мулоқоту музокироти сатҳи олӣ буд.

Зимни мулоқот ҳамчунин тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, татбиқи барномаҳои экологӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ ҳам баррасӣ шуд.

Дар ҷараёни музокирот мавзуъҳои алоҳидаи вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон низ муҳокима гардиданд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки бо ҳадафи тақвияти бештари ҳамкории байнидавлатӣ ва рушди ҳамҷонибаи муносибатҳои дӯстона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Ли Ҷе Мён даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Ҳамон рӯз дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ ва ёрии миёниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар сарҳад, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Корея дар бораи ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея, Ёддошти тафоҳум миёни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоотии кашшофии молиявӣ дар бораи қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии ба он алоқаманд ва маблағгузории терроризм, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳо дар соҳаи наклиёт, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ миёни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи содирот миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея (KOTRA), Созишномаи ҳамкории техникӣ миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии бехатарии меҳнат ва саломатии Корея, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи энергетикии Корея (KEPCO) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, Ёддошти тафоҳум миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудирияти кадрҳои Ҷумҳурии Корея ва Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон ва Агентии миллии Политсияи Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ имзо шуд.

16 сентябр ҳамчунин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея хонум Ҳан Сон Сук доир гардид.

Дар оғози мулоқот рушду густариши робитаҳо бо Ҷумҳурии Корея яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.


Ҷонибҳо рушди ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои гуногунҷанбаро муҳокима карда, барномаҳои Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIKA) дар Тоҷикистон ва рушди ҳамкорӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”-ро муҳим номиданд.

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва бештар фаъол гардонидани кори абзорҳои дуҷониба, бахусус Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Бо мақсади тавсеаи робитаҳо ҳамчунин пешниҳод гардид, ки Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба ҳамкории саноатӣ ва сармоягузорӣ таъсис дода шавад.

Барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, бонкдорӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисод изҳори алоқамандӣ карда шуд.


Гуфтугӯйи судманд атрофи тавсеи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон анҷом дода шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати корӣ ва сода гардондани ин раванд низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Ҳамчунин доир ба мавзуъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ, ба хусус Созмони Милали Муттаҳид табодули андеша карда шуд.

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул ҳамзамон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд.


Зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он доштанд, ки вусъатёбии ҳамкории мо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯза аз аҳамияти хосса бархурдор аст.

Гуфта шуд, ки Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” давоми солҳои сипаригашта тавонист худро ҳамчун василаи самарабахши таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои мо нишон диҳад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба сатҳи Нишасти Сарони давлатҳо расидани ин қолабро таҷассумгари талошҳои ҳадафмандона ба сӯи таъмини рушди муштарак ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ба хотири сулҳу суботи пойдор дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон номиданд.

Сарвари давлати мо ташаббуси Ҷумҳурии Корея — “Cиёсати нави Шимолӣ”-ро василаи муҳими таҳкими пайвастагии технологии Осиёи Марказӣ бо иқтисоди пешрафтаи Корея арзёбӣ намуданд.

“Дар ҷаҳони зудтағйирёбандае, ки бо таҳдидҳои гуногун мувоҷеҳ аст, ҳифзи сулҳу субот ҳамоно дар авлавият боқӣ мемонад”, — изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси Тоҷикистон дар мавриди эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)” нишони эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зарурати ҳифзи сулҳу субот ҳамчун арзиши умумибашарӣ номида шуд.

“Ҳамзамон бар он назарем, ки талошҳои муштараки кишварҳои мо ба таҳкими асосҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мусоидат хоҳанд кард”, — иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Баҳри амиқтар кардани ҳамкории иқтисодӣ ва эҷоди занҷираҳои устувори таъминот байни Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея изҳори ҳавасмандӣ қарда шуд.

Зарурати муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимии замони муосир ва ҳалли мушкилиҳои глобалию минтақавӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, камбудии оби тоза, обшавии пиряхҳо, ҳамкории наздиктари кишварҳо таъкид гардид.

Дар фарҷоми сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш саҳифаи наверо дар таърихи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея боз хоҳанд кард.

Дар фароварди ҳамоиш аз рӯйи натиҷаи кори он Эъломияи Сеул қабул карда шуд.


Аз рӯйи натиҷаи чорабиниҳои соҳавии саноат ва зеҳни сунъӣ, ҳамчунин байни сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва занҷираҳои таъминот миёни панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ва Ташаббуси шарикии ояндаи зеҳни сунъӣ, илм ва технологияи Корея ва Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Корея, сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ин кишварҳо иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ дар кори ҳамоиш Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ин чорабинӣ барои муайян кардани роҳҳои татбиқи ҳадафҳои нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” заминаи мусоид фароҳам месозад.


Гуфта шуд, ки ҳамоиши “Ҳамкорӣ ва шарикии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея барои пешбурди инноватсия, шукуфоӣ ва пайвастагӣ” метавонад барои ояндаи устувор тавассути ҳамкории судманд ва эҷоди фазои эҳтирому боварӣ замина фароҳам орад.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”-ро заминаи муҳими ҳамкорӣ ва ҷавобгӯи барномаҳои рушди миллӣ ва манфиатҳои мардумони кишварҳо номиданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати рушди соҳаҳои стратегӣ, бахусус энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, рақамикунонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Аз ҷумла, давоми солҳои охир барои таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ислоҳоти фарогир амалӣ гардид.

Гуфта шуд, ки қонунгузории кишвари мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯй кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст.

Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (WTO) далели мутобиқати қонунҳои мо ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ин ҷода мебошад.

Зимни суханронӣ дар ҳамоиши иқтисодию тиҷоратӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконоти сармоягузорӣ, зарфияти бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла энергияи “сабз”, саноат, кишоварзӣ, нассоҷӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, бонкдорӣ ва молияро муаррифӣ намуданд.

Изҳор гардид, ки ин самтҳои ҳамкорӣ мавриди алоқамандии доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея қарор хоҳанд гирифт.

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои гуногуни таълимии ин кишвар таҳсил менамоянд, мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Дар оғози мулоқот бо қарори Шурои илмии Донишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.


Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ барои ба ин унвони баланд сазовор донистанашон изҳори сипос намуданд.

“Ман ин тасмимро боз як таъкиди алоқамандии ду кишвар ба рушду густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамчунин арзишҳои муштараки илмӣ ва фарҳангии миллатҳои куҳантаърихи мо медонам”, — изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки илму маърифат, адабиёт ва саъю талош ба сӯйи дониш тайи ҳазорсолаҳо таҳкурсии ташаккули тамаддуни бостонии миллати тоҷикро ташкил додааст. Маҳз ба шарофати ҳамин мардуми тоҷик ба ҷаҳониён мутафаккирони барҷастае эҳдо кардааст, ки осори онҳо давоми асрҳои зиёд таконбахши пешрафти илму фарҳанги ҳам Шарқу ҳам Ғарб гардидааст.

Гуфта шуд, ки ниёгони мо бо мероси адабиву фалсафӣ ва кашфиёти илмии худ дар самти илмҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ, нуҷум, табиатшиносӣ, тиб, кимиё, ҷуғрофиё, зироату обёрӣ ва меъморӣ дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми назаррас гузоштаанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташаккули шароити мусоиди илмиву таълимӣ дар кишвар андешаронӣ намуданд.

Аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар заминаи тадбирҳои дар ин самт амалишуда дар 35 соли истиқлол теъдоди мактабҳои олӣ дар кишвари мо аз 13 то ба 51 ва шумораи донишҷӯён дар онҳо аз ҳафтод ҳазор то ба 230 ҳазор нафар расидааст.

Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки мо ҳамеша барои ҷавонон ҷиҳати таҳсилу касбомӯзӣ дар хориҷи кишвар шароиту имконоти зарурӣ муҳайё месозем. Ҳоло зиёда аз 40 ҳазор ҷавони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари дунё, ба шумули Ҷумҳурии Корея машғули омӯхтани илму дониш ва касбҳои муосир мебошанд.

“Мо ҳавасманди идомаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Корея ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари шумо, ҳамчунин таҳкиму густариши табодули академӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва таҳқиқотӣ ҳастем”, — иброз доштанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин доир ба марҳалаҳои асосии рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва раванди густариши робитаҳои дӯстиву ҳамкории судманди кишвари мо бо Ҷумҳурии Корея андешаронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки кишварҳои моро анъанаҳои неки ҳамёрӣ, ки бар пояи усулҳои хайрхоҳӣ ба якдигар, ҳусни тафоҳум, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод бунёд ёфтаанд, ба ҳам мепайванданд. Соли оянда мо 35-солагии барқарории робитаҳои дипломатии кишварҳоямонро ҷашн мегирем.

Дар ин зимн, нақши Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOIKA) дар тақвияту тавсеаи пайгиронаи равандҳои ҷории шарикии кишварҳоямон таъкид гардид.


Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму тавсеаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва тандурустиро аз масъалаҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номиданд.

Таъкид гардид, ки мо ба тавсеаи ҳамкориямон бо кишвари шумо дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва табодули академӣ аҳаммияти хос медиҳем.

Тавре изҳор карда шуд, ҷониби Кореяи дӯст ҳамасола барои таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои худ бурсияҳои таълимӣ ва грантҳо ҷудо мекунад ва дар Ҷумҳурии Корея аз Тоҷикистон беш аз 350 нафар, аз ҷумла дар Донишгоҳи Корея таҳсил менамоянд. Таъсиси марказҳои омӯзиши забони кореягӣ дар ҳашт донишгоҳи Тоҷикистон ва ба роҳ мондани робитаҳои мустақими ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар аз дастовардҳои муҳимми солҳои охир дар ин самт арзёбӣ гардид.

Дар фароварди сухан Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо дар соҳаҳои илму маориф барои тарбияи насли нави мутахассисони ба шароити муосир рақобатпазир пояҳои устувор мегузорад.

Дар саҳни Донишгоҳи Корея Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ ҷавонони хуштолеъи даврони истиқлол, ки дар донишгоҳҳои Корея таҳсили илм доранд, суҳбати самимӣ доир намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба истифодаи самараноки имконияти илмомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ, гуфтору рафтор ва интизоми намунавии тоҷикона ҳидоят намуданд.


17 сентябр дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дараҷаи фахрии 9-уми Таэквондо супорида шуд.

Дар ин маросим Президенти Федератсияи Таэквондо Юн Унг Сок қарори Шуроро оид ба тақдими Дараҷаи фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуда, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим ва либоси махсус пӯшонида шуд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Федератсия барои қадршиносӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки таэквондо дар баробари як намуди машҳури варзиши олимпӣ буданаш дар ҷавҳари худ фалсафаи ҳаёти солим ва иртиботи маънавию фарҳангии инсонҳоро таҷассум мекунад.


17 сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Корея нақши муколамаи фаъоли байнипарлумониро бисёр муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар ин зимн фаъол намудани кори Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҳамчун абзори мусоидаткунанда зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин фаъолияти платформаи Нишасти раисони парлумонҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро дар татбиқи ташаббусҳое, ки ба рушди муштараки мо ва таъмини суботи минтақавӣ равона шудаанд, муҳим арзёбӣ мекунад.

Ҷонибҳо аз сатҳу ҳолати кунунии робитаҳои сиёсӣ бо Ҷумҳурии Корея изҳори қаноатмандӣ намуданд.


Ба вусъати ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ки Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Корея, ки 16 сентябр дар шаҳри Сеул баргузор гардид, ба густариши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими ҳамкории иқтисодии ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Гуфта шуд, ки мусоидати парлумонҳо дар такмили заминаи ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти бахши хусусӣ аҳаммияти калон дорад.

Масъалаҳои муҳимми ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, ичнунин робитаи кишварҳо дар чорчӯби созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд.

Дар маҷмуъ сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷумҳурии Корея дар таърихи муносибатҳои байнидавлатӣ метавон пурарзишу самарабахш арзёбӣ намуд. Зимни ин сафар, тавре таъкид карда шуд, бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ байни ниҳодҳои гуногуни давлатии Тоҷикистон ва Корея ба имзо расид, ки дар оянда заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро таҳким мебахшад ва рушди бештари ҳамкории тарафҳоро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъмин менамояд.

Аз ҷумлаи санадҳои имзошуда Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мебошад, ки байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи энергетикии Корея (KEPCO) ба имзо расонида шуд. Ҳадафи асосии Ёддошти тафоҳум таҳкими ҳамкории дуҷониба, баргузории машваратҳо, табодули маълумот, омӯзиши имконияти ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва баррасии имконоти сармоягузорӣ дар бахши энергетика мебошад.

Дар доираи ин санад ҷонибҳо ҳамкориро дар якчанд самти муҳими энергетика, аз ҷумла татбиқи технологияҳои пешрафтаи ҳисобкунии неруи барқ (AMI), низомҳои пешрафтаи идоракунии шабакаҳои тақсимоти барқ (ADMS) ва низомҳои иттилоотии ҷуғрофӣ (GIS), инчунин рақамикунонии соҳаи энергетика ва рушди платформаҳои ҳамгироёнаи маълумот ба роҳ монда, тақвият медиҳанд.

Ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти таҳия ва татбиқи роҳҳалҳои сарфаи энергия, истифодаи низоми идоракунии энергетикии биноҳо (BEMS), таъсиси низомҳои нигоҳдории неруи барқ дар батареяҳо (BESS), пайваст намудани захираҳои тақсимшудаи энергетикӣ ба шабака ва истифодаи технологияҳои муосири идоракунии энергия пешбинӣ шудааст.‎

‎Тибқи Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо инчунин масъалаҳои тарҳрезӣ ва истифодаи шабакаҳои хурд, васеъ намудани иқтидори шабака барои қабули энергияи барқароршаванда, таъмини пайвастшавии устувор ба шабака, коҳиш додани талафоти неруи барқ ва рушди имконоти нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаро баррасӣ хоҳанд кард.

Ёддошти тафоҳум барои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар самти истифодаи технологияҳои муосир, рақамикунонии соҳаи энергетика, баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ, рушди шабакаҳои барқӣ ва ҷалби имконоти нави сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Санади дигаре, ки байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея (KOTRA) ба имзо расид, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ мебошад, ки ҳадафи имзои он барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ ва рушди ҳамкории дарозмуддат, самаранок ва мутақобили судманд байни тарафҳо мебошад.

Тибқи ин санад, ҷонибҳо дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки ба содирот нигаронида барои пешбурди содирот, мубодилаи иттилоот дар соҳаи содирот, баргузории мизҳои мудаввар, форумҳо, вохӯриҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо барои беҳтар кардани фазои содиротии ҳарду давлат ба мувофиқа расиданд.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ, ки дар шаҳри Сеул аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея байни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея ба имзо расид, масъалаи мусоидат намудан ва таҳкими ҳамкорӣ байни иштирокчиён дар соҳаи барқарорсозии ҷангал, ҳифзи гуногунии биологӣ ва идоракунии офатҳои ҷангал бо мақсади муқовимат ба буҳрони иқлимӣ тибқи қонунгузории давлатҳоро фаро мегирад.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ нақши муҳим доштани ҷангалҳоро дар коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он, зарурати фаврии ҳамкории муштарак барои муқовимат ба пайомадҳои ҷиддии аз байн рафтани ҷангалҳо ва таназзули замин дар сатҳи ҷаҳониро эътироф менамояд.

Мақсад аз имзои Ёддошти ҳамкорӣ ба даст овардани имконияти васеи ҳамкорӣ дар самти таъсиси низомҳои пешрафтаи идоракунии иттилооти ҷангал, аз ҷумла низомҳои моҳвораии мониторинги ҷангал бо истифода аз технологияҳои фосилавӣ (моҳвораҳои кишоварзӣ ва ҷангал), дар самтҳои муҳовимат ба тағйирёбии иқлим, барқарорсозии ҷангал, ҳифзи гуногунии биологӣ ва идоракунии офатҳои ҷангал мебошад.

Дар доираи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ тавассути арзёбии гуногунии биологӣ, таъсиси базаи додаҳои захираҳои генетикӣ ва нигоҳдории тухмиҳо, пешгирӣ ва идоракунии офатҳои ҷангал, аз қабили сӯхторҳои ҷангал, ярчҳо, ҳашароти зараррасони ҷангал ва бемориҳо, инчунин барқарорсозии минтақаҳои зарардида муайян карда мешаванд.

Инчунин таъсиси низомҳои идоракунии иттилооти ҷангал бо истифода аз фосиласанҷӣ (аз ҷумла моҳвораҳои кишоварзӣ ва ҷангал) ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, истифода ва идоракунии захираҳои ҷангал, аз ҷумла истифодаи бисёрмақсадноки ҷангалҳо, татбиқи ташаббусҳо оид ба баланд бардоштани иқтидор, табодули коршиносон ва пешбурди таҳқиқоти муштарак дар самти барқарорсозии ҷангал ва иқдомҳои иқлимӣ ва ҳама гуна дигар самтҳои ҳамкорӣ дар доираи салоҳияти дахлдори тарафҳо, ки метавонанд аз ҷониби иштирокчиён муштаракан муайян карда шаванд.

Дар доираи ин Ёддошт таҳия ва татбиқи чорабиниҳои муштарак, мубодилаи иттилооти илмӣ ва техникӣ, маълумот ва маводи растании ҷангал (аз ҷумла тухмиҳо), ташкили барномаҳои муштараки омӯзишӣ, семинарҳо, вохӯриҳо ва конференсияҳо дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон омода ва нашр намудани интишороти муштараки илмӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал тавассути ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва Созмони ҳамкорӣ дар соҳаи ҷангали Осиё, гузаронидани таҳқиқоти саҳроии муштарак ва мубодилаи коршиносон ва кормандон ва ҳама гуна дигар шаклҳои ҳамкорӣ, ки метавонанд аз ҷониби иштирокчиён муштаракан муайян карда шаванд, дар назар дошта шудааст.

Дар шаҳри Сеул ҳамчунин байни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии бехатарии меҳнат ва саломатии Корея Созишномаи ҳамкории техникӣ ба имзо расид.

Дар доираи ин созишнома мубодилаи иттилоот ва таҷриба, расонидани ёрии мутақобил ва рушди иқтидори касбии кормандони соҳа пешбинӣ шуда, татбиқи амалии он ба такмили назорати бехатарии корҳо дар саноат, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон ва истифодаи таҷрибаи пешрафта мусоидат менамояд.

Созишнома дар таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти таъмини бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ аҳаммияти муҳим дорад. Он ба таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ, рушди робитаҳои касбӣ ва табодули таҷриба байни мақомоти соҳавии ду давлат равона гардида, барои ба роҳ мондани ҳамкории муассир дар самти бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон муҳим мебошад.

Баимзорасии ин санад қадами муҳим дар рушди муносибатҳои соҳавии Тоҷикистон ва Корея ба ҳисоб рафта, барои тавсеаи ҳамкории мутақобили судманд ва таҳкими робитаҳои касбӣ дар самти бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ имконоти нав фароҳам меорад.

Ҳамчунин байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳам дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва инноватсия ба имзо расонида шуд.

Тибқи он Тоҷикистон ва Корея метавонанд дар оянда ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, саноати нассоҷӣ -аз коркарди пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, пиллапарварӣ, коркарди пӯст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, саноати кӯҳӣ, мошинсозӣ, саноати кимиё ва технологияҳои нав ба роҳ монда, тақвият диҳанд.

Инчунин ду давлат дар асоси Ёддошти тафоҳум имкон доранд, ки ҳамкориро дар самти ашёи хом ва ҳамкории техникӣ дар бахшҳои коркарди саноати сабук, аз ҷумла нассоҷӣ, коркарди пӯст ва пиллапарварӣ, инчунин мубодилаи иттилооти ошкорои илмӣ ва техникӣ ва технологияҳои инноватсионӣ густариш диҳанд.

Дар доираи Ёддошти тафоҳум таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи зеҳни сунъӣ (AI) барои истифода дар бахши саноат, аз ҷумла гузаронидани таҳқиқоти муштарак, мубодилаи дониш ва таҷриба, ҳамоҳангсозии стандартҳо ва мусоидат ба рушди ҳалли масъалаҳо дар асоси зеҳни сунъӣ мутобиқи чаҳорчӯбаҳои идоракунии зеҳни сунъӣ байни ду давлат ба роҳ монда мешавад. Имзои ин санад ҳамзамон ба таъсиси корхонаҳои муштарак, татбиқи лоиҳаҳо оид ба таъминоти таҷҳизот ва технологияҳои коркард мусоидат менамояд.

Дар шаҳри Сеул аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф низ ба имзо расид.

Ҳадафи Ёддошти тафоҳум таҳкими муносибатҳои дӯстона, эҳтироми мутақобил, фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ, инчунин манфиатҳои муштарак ба хотири таҳким ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои маорифу таҳсилоти олӣ ва фароҳам овардани заминаи воқеӣ барои рушди ҳамкории устувор байни ҷонибҳо дар соҳаҳои маориф, таҳқиқот ва инноватсия мебошад.

Ёддошти тафоҳуми мазкур мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҳар ду давлат ва дар доираи сиёсату расмиёти дахлдори ҷонибҳо дар соҳаи маориф амалӣ карда мешавад. Дар доираи он дастгирӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ ва инноватсия ба манфиати мутақобил, тавсеаи ҳамкории мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳар ду давлат, аз ҷумла мубодилаи мутахассисон, омӯзгорон ва профессорон, инчунин ташкили конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳои муштарак дар назар дошта шудааст.

Ёддошт инчунин ба ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла мубодилаи таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ ва омода намудани мутахассисону муҳаққиқон, дастгирӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар доираи ташаббусҳои муштараки академӣ, аз ҷумла таҳия ва ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимӣ, аккредитатсия ва ташкили таҳсилоти омехта ва фосилавӣ мусоидат менамояд.

Мақсади имзои Ёддошт ҳамкорӣ дар татбиқи технологияҳои муосир дар низоми маорифи худ, аз ҷумла платформаҳои онлайнӣ, барномаҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, бо мақсади пешбурди инноватсия ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ, маърифатӣ ва иҷтимоӣ, дастгирии барномаҳои табодули донишҷӯён байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мақсади тавсеаи донишҳои академӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ мебошад.

Дар доираи қонунгузории миллӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷонибҳо метавонанд донишҷӯёни зинаҳои бакалавриат ва таҳсилоти баъд аз бакалавриатро барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии якдигар равон ва қабул намоянд.

Ҳамчунин байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид.

Ҳадафи асосии ин санад фароҳам овардани заминаи умумӣ ва чандир барои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад.

Тибқи санад, ҷонибҳо дар самтҳои мубодилаи иттилоот ва таҷриба оид ба сиёсат ва заминаи ҳуқуқии соҳаи моликияти зеҳнӣ, татбиқи барномаҳои омӯзишӣ барои тақвияти иқтидори коршиносон, мубодилаи таҷриба дар самти муқовимат ба вайронкунии ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ҳамкорӣ менамоянд.

Ҳамзамон густариши ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сифати расмиёти бақайдгирии объектҳои моликияти зеҳнӣ, рақамикунонии соҳа, татбиқи технологияҳои нав ва мусоидат ба истифодаи тиҷоратии моликияти зеҳнӣ пешбинӣ шудааст.

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Тоҷикистон ва Корея 16 сентябр дар шаҳри Сеул дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея ба имзо расид.

Барои ҳамкории мутақобили судманд ва тақвият бахшидани фаъолият байни мақомоти марбута дар самти муқовимат ба коррупсия пешбинӣ шуда, барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакат дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб шароити мусоид фароҳам меоварад.

Баимзорасии ин санад қадами муҳим дар рушди муносибатҳои соҳавии Тоҷикистон ва Корея ба ҳисоб рафта, ба густариши робитаҳои байналмилии ҷонибҳо дар самти муқовимат ба коррупсия таъсири мусбат мерасонад.

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея, ки дар шаҳри Сеул ба имзо расонида шуд, ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи роҳи оҳан, табодули таҷриба ва технологияҳо, инчунин ҳамкорӣ дар самти лоиҳаҳои сохтмон, истифода ва нигоҳдории инфрасохтори роҳи оҳан нигаронида шудааст.

Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея низ 16 сентябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум дар бораи хизмати давлатӣ ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳум шакл ва самтҳои ҳамкории ҷонибҳоро дар соҳаи идоракунии захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ бо мақсади таҳким ва нигоҳдории самарабахш ва муассири хизмати давлатӣ муайян мекунад.

Дар доираи татбиқи ин санад масъалаҳои ташкил ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, ташаккули низоми хизмати давлатӣ, баланд бардоштани донишҳои касбии хизматчиёни давлатӣ, омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

Инчунин тарафҳо оид ба банақшагирии сиёсат ва татбиқи навоварӣ дар идоракунии захираҳои инсонӣ, аз ҷумла интихоби ҳайат, баҳодиҳии фаъолият, ҷубронпулӣ ва нафақа, татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди захираҳои инсонӣ барои таҳкими шоистасолорӣ ва ғайра ба мувофиқа расиданд.

Ҳамчунин Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея (KoFIU) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳум ба рушди ҳамкории дуҷониба дар самти мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ оид ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии ба он алоқаманд ва маблағгузории терроризм равона гардида, барои тақвияти ҳамкории касбӣ, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мусоидат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея дар назди Комиссияи хизматрасониҳои молиявии Ҷумҳурии Корея фаъолият намуда, яке аз мақомоти калидии ин кишвар дар низоми муқовимат ба ҷиноятҳои молиявӣ мебошад.

16 сентябри соли 2026 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ҳамзамон Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар сарҳад ба имзо расонида шуд. Ин санад яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими ҳамкорӣ мебошад, ки дар натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба имзо расида, ба таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ равона гардидааст.

Санади мазкур барои рушди ҳамкории муассир байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея, инчунин таҳкими робитаҳои касбӣ ва мубодилаи таҷриба байни мақомоти гумруки ду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар доираи ин санад ҳамкорӣ дар самтҳои мубодилаи иттилоот ва маълумоти гумрукӣ, расонидани ёрии мутақобил дар пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, мубодилаи таҷриба ва таҷрибаи пешқадам, инчунин рушди иқтидори касбии кормандони мақомоти гумрук пешбинӣ мегардад.

Баимзорасии санади ҳамкорӣ қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар соҳаи гумрук ба ҳисоб рафта, ба рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд, мубодилаи таҷриба ва татбиқи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар фаъолияти гумрукӣ мусоидат менамояд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки 17 сентябри соли 2026 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул Форуми стратегии сармоягузории Тоҷикистон – Корея баргузор гардид. Дар форум зиёда аз 250 нафар, аз ҷумла 200 нафар соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд. Дар ҷараёни форум нахуст барои доираи соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Корея имконоти сармоягузорӣ ва самтҳои афзалиятноки иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, оид ба имконоти сармоягузорию соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои густариши ҳамкории доираи сармоягузорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Корея сухан гуфта шуд.

Ҳамчунин имконоти мамлакат дар соҳаҳои саноат ва коркарди маъдан, энергетикаи «сабз», технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, маориф ва сайёҳӣ муаррифӣ гардиданд.

Дар фарҷоми форум якчанд санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки ба таҳкими робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва рушди ҳамкории мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Корея мусоидат менамоянд.

Барои маълумот:

Ҷумҳурии Корея дар Осиёи Шарқӣ ҷойгир буда, беш аз 50 миллион аҳолӣ дорад. Пойтахт ва калонтарин шаҳри Ҷумҳурии Корея шаҳри Сеул мебошад, ки қариб 10 миллион аҳолӣ дорад. Шаҳрҳои дигари бузурги Ҷумҳурии Корея Пусан, Инчхон, Тэгу ва Тэҷон мебошанд.

Шаҳри Сеул маркази асосии сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Корея ва яке аз марказҳои бузургу пешсафи молиявии Осиёи Шарқӣ ба ҳисоб меравад. Шакли идораи давлат президентӣ буда, Ҷумҳурии Корея дар ҷаҳон аз ҷумлаи кишварҳои аз лиҳози саноатӣ ва иқтисодӣ пешрафта мебошад.

Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Директори АМИТ «Ховар»

Душанбе-Сеул-Душанбе

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 19, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид