820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
ВАҲДАТ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат 820 иншооти соҳаҳои саноат, тандурустӣ, маориф, варзиш, истироҳатию фарҳангӣ, хизматрасонӣ, савдою хӯроки умумӣ, биноҳои истиқоматию маъмурӣ, пулу роҳҳо ба маблағи 1 миллиарду 885 миллиону 108,8 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин иншоот 4380 ҷойи нав кор таъсис дода шудааст.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иттилоъ доданд, давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ буҷети маҳаллии шаҳри Ваҳдат аз 355,4 ҳазор сомонии соли 1998 то имрӯз ба зиёда аз 568 миллиону 935 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ин рақам 113 маротиба зиёд буда, ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр мусоидат менамояд.
Дар шаҳри Ваҳдат ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои судманд андешида шудаанд. Захираҳои табиии шаҳр, аз ҷумла кони ангиштсанги Сайёд, кони гранити Хушон, флюорит, масолеҳи бинокорӣ (гаҷ, гил, регу шағал), сангҳои ороишӣ, обҳои маъданӣ, гиёҳҳои шифобахш ва ашёи хоми кишоварзӣ ба рушди саноати шаҳр такони ҷиддӣ бахшидааст.
Ҳоло дар шаҳри Ваҳдат 134 корхонаю коргоҳи саноатӣ фаъол буда, истеҳсоли маҳсулот дар онҳо бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба ҳолати 1 январи соли 2026 ҳиссаи корхонаҳои саноатӣ дар қисми воридоти буҷети маҳаллӣ қариб 70 фоизро ташкил намуд. Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 117 миллиону 233,8 ҳазор сомонӣ расид, ки аз пешравии назаррас дарак медиҳад.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии шаҳр ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо озуқа, афзун гардондани имконияти содиротӣ ва бо кори доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Соҳаи мазкур низ рӯ ба рушд ниҳода, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд. Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 миллиарду 689 миллиону 653,7 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 126 миллиону 424,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ сохтмони 127 бинои баландошёнаи истиқоматӣ оғоз гардида, зиёда аз 30-тои он ба истифода дода шуд. Дар давраи собиқ дар шаҳр ҳамагӣ ду бинои 9-ошёна мавҷуд буд. Имрӯз шумораи биноҳои аз 7 то 18-ошёна дар шаҳр зиёд гардидааст.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






