Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид

Октябрь 15, 2026 16:15

ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода  бо Директори генералии бахши амалиёти байналмилалии Бонки сармоягузории Аврупо (EIB Global) Эндрю Макдауэлл баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқот ба масъалаи ҷалби маблағгузории бонк барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ дар ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ изҳор доштанд.

Ҳамзамон Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба сиёсати амалиётӣ ва хизматрасонӣ ба кишварҳо Галина Винселет вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот ба масъалаҳои маблағгузории Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва тақвияти ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Бонки Осиёии Рушд ва Бонки сармоягузории Аврупо барои татбиқи ин лоиҳаи аҳамияти стратегидошта таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади баррасии масъалаҳои маблағгузории неругоҳ ва ҳамоҳангсозии тадбирҳои минбаъда дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҳар се ниҳоди молиявӣ ҷаласаи корӣ баргузор намоянд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 15, 2026 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад