Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд

Октябрь 16, 2026 13:27

ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон  41,3 ҳазор нафар сайёҳон аз 160 давлати хориҷӣ аз маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Панҷакент тамошо намудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.

Шаҳри Панҷакенти бостонӣ бо ёдгориҳои беназири таърихӣ ва фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ қарор гирифтааст. Саразми 5500-cола, ки ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудааст, Панҷакенти қадим — куҳаншаҳри асрҳои V-III, оромгоҳи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд ва беш аз 300 ёдгории дигари таърихӣ, ҳамчунин манзараҳои нотакрор мавриди  таваҷҷуҳи гардишгарони дохилию хориҷӣ қарор доранд. Дар ин радиф Ҳафткӯли афсонавӣ, ки мардум шоирона аз он Мижгон, Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак, Марғузор ва Ҳазорчашма ном мебаранд, яке аз муъҷизаҳои табиати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамасола ҳазорҳо меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ аз мавзеъҳои бостонӣ ва зебоиҳои табии ин гӯшаи диёр боздид намуда, таассуроти амиқ мебардоранд.

Бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон дар ин гӯшаи зебои мамлкат ширкатҳои сайёҳӣ, пойгоҳҳои кӯҳнавардӣ, маконҳои истироҳатӣ ва меҳмонхонаҳо бунёд ва ба ин восита даҳҳо сокинони маҳаллиро бо кор таъмин намудаанд.

Пойгоҳи сайёҳии «Саёҳати Ҳафткӯл», 24 ширкати сайёҳӣ, 11 меҳмонхонаи замонавӣ, 22 хона барои қабули меҳмонон ва шабакаи васеи ошхонаю тарабхонаҳо, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёд шудаанд, аз ин ҷумла мебошанд. Пойгоҳи сайёҳию кӯҳнавардии «Артуч» дар мавзеи Кӯли калон, ки аз замони шуравӣ ба сайёҳону кӯҳнавардон маълум буд, фаъолияти худро идома медиҳад.

Аммо баъзе мушкилоте мавҷуданд, ки бартараф намудани он боиси рушди бештари туризм ва беҳтар шудани зиндагии мардуми ин гӯшаи афсонавӣ мегардад. Яке аз онҳо роҳи ноҳамвори деҳаҳои Рукнобод ва Артуч мебошад. Ҳамасола сайёҳон ин роҳро бо мушкилӣ мегузаранд. Аз Рукнобод то Артуч, ки 30 километр масофа дорад, роҳ валангор аст. Оромгоҳи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ки мероси фарҳангии халқи тоҷик ба шумор меравад, ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад. Деҳаҳои Рукнобод ва Артуч на танҳо бо табиати зебои худ, балки мавзеъҳои таърихию фарҳангиашон ҷолибанд, вале роҳи ноҳамвор рафтуомади сайёҳонро ба ин макон мушкил мегардонад.

Сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойи нави кор, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо инобати ин ва бо мақсади ҷалби сармоягузорон ба соҳаи сайёҳӣ бо беш аз 35 давлати ҷаҳон шартнома ба имзо расонидааст.

АКС: Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

 

Октябрь 16, 2026 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд