Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Октябрь 17, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр  дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 111-солагии олим, ховаршинос, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ирҷи Бечка таҳти унвони «Ирҷи Бечка-поягузори тоҷикшиносии Ҷумҳурии Чехия» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин институт.

Дар конференсия Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Любомир Фреборт, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Ирҷи Бечка аз ҷумлаи ховаршиносони барҷастаи аврупоӣ ба ҳисоб рафта, бо фаъолияти пурсамари илмӣ, адабӣ ва тарҷумонии худ дар омӯзиш, таҳқиқ ва муаррифии таъриху фарҳанг, забон ва адабиёти халқи тоҷик дар Ҷумҳурии Чехия ва дигар давлатҳои Аврупо саҳми арзанда гузоштааст.

Ирҷи Бечка ҳамчун муҳаққиқи амиқназари адабиёти тоҷику форс ба омӯзиши осори намояндагони барҷастаи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тавассути таҳқиқоти илмӣ ва тарҷумаҳои арзишманди худ дар муаррифии дастовардҳои маънавии халқи тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Фаъолияти илмии ӯ намунаи барҷастаи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии миллатҳои дигар, садоқат ба илму маърифат ва таҳкими дӯстии байни халқҳо мебошад.

Таъкид шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллат, омӯзиши осори донишмандони маъруфи дохилию хориҷӣ ва рушди ҳамкории байналмилалии илмӣ таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии ҷумҳурӣ қарор дорад. Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илми тоҷик, таҳкими робитаҳои илмӣ бо марказҳои бонуфузи таҳқиқотии ҷаҳон ва муаррифии дастовардҳои тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Любомир Фреборт иброз дошт, ки фаъолияти илмӣ ва тарҷумонии ин донишманди маъруф барои таҳкими робитаҳои адабию фарҳангӣ байни халқҳои тоҷику чех заминаи мусоид фароҳам оварда, дар шиносоии ҷомеаи илмӣ ва адабии Чехия бо мероси ғании маънавии тоҷикон нақши муҳим бозидааст.

Омӯзиш ва гиромидошти мероси илмии Ирҷи Бечка метавонад ба рушди минбаъдаи ҳамкории илмӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистон ва Чехия мусоидат намуда, барои татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти таҳқиқоти шарқшиносӣ, тарҷумаи осори адабӣ ва табодули таҷрибаи илмӣ имкониятҳои нав фароҳам оварад.

АКС: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 17, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад