Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Боку нахустин чемпионати ҷаҳон байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-сола, ки дар доираи фестивали ФИФА баргузор шуд, ба анҷом расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқа дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов ғолиби дивизиони Tier «D» гардид.
Дар марҳилаи чорякниҳоӣ наврасони тоҷик мунтахаби Литваро бо ҳисоби 5:2 мағлуб карданд. Дар даври нимниҳоӣ бар тими Ҷумҳурии Доминикан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда, дар финал мунтахаби Канадаро бо натиҷаи 4:2 шикаст доданд.
Ин аввалин мусобиқа дар таърихи ФИФА буд, ки дар он 189 даста иштирок кард. Пас аз анҷоми мусобиқа ФИФА мавқеи ниҳоии дастаҳоро эълон кард. Ин нахустин раддабандии созмон дар ин синну сол буда, бар асоси натиҷаҳои бозиҳое тартиб дода шуд, ки ҳамзамон ва дар як макон баргузор гардиданд. Дар натиҷа, мунтахаби наврасони Тоҷикистон мақоми 97-умро касб кард.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон













Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






