Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Октябрь 14, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Ноиби президенти минтақавии навтаъйини Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) оид ба Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ Имод Фахурӣ баргузор гардид.

Тибқи иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои густариши фаъолияти корпоратсия дар Тоҷикистон, ҷалби сармояи хусусӣ ва беҳтар намудани дастрасии корхонаҳои ватанӣ ба маблағгузории дарозмуддат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла дар соҳаи инфрасохтори фурудгоҳҳо, тавсеаи маблағгузорӣ бо асъори миллӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо сохторҳои бонкӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна зоҳир гардид.

Ҳамчунин имконоти ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои саноат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергетикаи барқароршаванда, инфрасохтори рақамӣ, логистика ва сайёҳӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 14, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд