Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд

Октябрь 30, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28–29 октябр дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд Конфронси панҷуми вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид, ки дар он Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология Аминҷон Гулаҳмадзода намояндагӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, конфронс бо ташаббуси  Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором ташкил карда шуда, дар он намояндагони 30 давлати узв, муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология Аминҷон Гулаҳмадзода дар мавзуи «Истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои ояндаи устувор ва фарогир тавассути таҳкими ҳамкории минтақавӣ» маъруза намуд.

Иброз гардид, ки мушоҳидаҳои моҳвораӣ, зондкунии фосилавии Замин ва зеҳни сунъӣ барои мониторинги захираҳои об, омӯзиши ҳолати пиряхҳо, арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.

Дар се самти афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ: ташкили ташаббуси минтақавӣ оид ба мониторинги моҳвораии захираҳои об ва пиряхҳо, таҳияи низоми ҳамгирои минтақавии огоҳонии барвақт аз офатҳои иқлимӣ ва вобаста ба об, васеъ намудани дастрасӣ ба маълумоти моҳвораӣ, таҳкими таҳқиқоти муштараки илмӣ ва рушди иқтидори кадрӣ пешниҳодҳо баён гардиданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст таҷрибаи илмӣ, дониш ва имкониятҳои худро дар самти омӯзиш ва идоракунии захираҳои об бо давлатҳои минтақа мубодила намояд.

Дар конфронс маҷмуаи «Таҷрибаҳои геофазоӣ барои рушди устувор дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ — 2026» муаррифӣ гардид. Нашрия 100 намунаи таҷрибаи минтақавиро дар бар гирифта, аз ҷумла таҷрибаи Тоҷикистонро дар самтҳои пешгӯии обхезиҳо, мониторинги кӯлҳои пиряхӣ, низомҳои огоҳонии барвақт аз хатарҳои гуногун, арзёбии хатарҳои геологӣ ва ғайраро инъикос мекунад. Инъикоси таҷрибаи Тоҷикистон дар чунин нашрияи минтақавӣ аҳамияти истифодаи маълумоти геофазоӣ ва технологияҳои муосирро дар идоракунии хавфҳои табиӣ ва рушди устувор фаро мегирад.

 

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 

Октябрь 30, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд