ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст

Октябрь 3, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Оила барои ҳар инсон нахустин муҳити тарбия, меҳру муҳаббат ва омӯзиши муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Кӯдак пеш аз он ки ба мактаб қадам гузорад, дар оила сухан гуфтан, муносибат кардан, эҳтиром гузоштан, меҳнат кардан ва масъулиятро меомӯзад. Аз ин рӯ, оиларо метавон мактаби нахустини тарбия ва омодагӣ ба зиндагии мустақилона номид.

– Дар ҷомеаи имрӯза, ки талабот ба дониш, касбомӯзӣ ва рушди шахсӣ рӯз ба рӯз меафзояд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона аҳамияти бештар пайдо мекунад. Махсусан омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Духтаре, ки дар оянда модар ва тарбиятгари насли нав мешавад, бояд аз овони кӯдакӣ дар баробари донишандӯзӣ ба арзишҳои оилавӣ, муносибати дуруст бо атрофиён ва масъулияти зиндагӣ низ шинос гардад.

Маърифати оиладорӣ ва омодагӣ ба зиндагии мустақилона

Ба андешаи корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиноси масоили иҷтимоӣ Маҳбуба Азимова, ҳаёти оилавӣ масъулияти бузург аст. Барои ба ин марҳилаи зиндагӣ омода шудан духтар бояд аз овони наврасӣ дар бораи маърифати оиладорӣ тасаввуроти дуруст дошта бошад. Ин маърифат, пеш аз ҳама, муносибати боэҳтиром ба аъзои оила, одоби муошират, сабру таҳаммул, масъулиятшиносӣ ва тавони ҳалли масъалаҳои рӯзгорро дар бар мегирад.

«Ба духтарон бояд фаҳмонем, ки оилаи солим танҳо бо муҳаббат бунёд намешавад. Барои пойдории он ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод, эҳтироми тарафайн, масъулият ва омодагӣ ба ҳалли мушкилоти зиндагӣ зарур аст»,–мегӯяд Маҳбуба Азимова.

Дар ин замина модар ҳамчун шахсе, ки таҷрибаи зиндагӣ дорад, метавонад ба духтар дар омӯзиши бисёр масъалаҳои рӯзгор ёрӣ расонад. Гуфтугӯҳои самимии модар бо духтар, шарҳи масъалаҳои зиндагӣ ва нишон додани роҳи дурусти муносибат бо дигарон метавонанд дар ташаккули ҷаҳонбинии ӯ нақши муҳим гузоранд.

Дониш ва касб дар баробари малакаҳои рӯзгор

Имрӯз барои духтарон гирифтани таҳсилоти босифат, соҳиби касб шудан ва пайдо намудани ҷойи кор аз омилҳои муҳими омодагӣ ба зиндагии мустақилона ба ҳисоб мераванд. Дуруст аст, ки духтар бояд имкони рушди қобилияти худро дошта бошад ва дар оянда ҳамчун шахси соҳибмаърифат ва дорои касб дар ҷомеа саҳм гузорад. Аммо омода будани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳатмии оиладорӣ мебошад.

Пӯшида нест, ки баъзе ҷавондухтарон корҳои одии хонаводагӣ, аз қабили омода намудани ғизои одӣ, пухтани хӯрокҳои миллӣ, хамир кардан, риояи тартибу тозагӣ, сарфакорона истифода бурдани маҳсулот ва дигар корҳои рӯзгорро анҷом дода наметавонанд. Дар ин масъала нақши оила, бахусус модар муҳим аст. Вақте духтар аз хурдӣ дар корҳои рӯзгор иштирок мекунад, ӯ масъулиятшинос, меҳнатдӯст, сарфакор ва қадршинос мешавад.

Коршиноси масоили иҷтимоӣ Маҳбуба Азимова мегӯяд, ки баъзе волидон бо нияти он ки фарзандашон бештар дарс хонад ва ба таҳсил диққат диҳад, ӯро аз корҳои хона дур нигоҳ медоранд. Дар натиҷа фарзанд метавонад бо баҳои хуб таҳсил кунад, аммо дар баробари ин аз бисёр малакаҳои одии зиндагӣ маҳрум монад. Дар ҳоле, ки таҳсил ва корҳои рӯзгор набояд ба ҳам муқобил гузошта шаванд. Духтар метавонад ҳам дониш омӯзад, ҳам касб азхуд кунад ва ҳам тадриҷан малакаҳои рӯзгордориро ёд гирад.

Аз ҷониби дигар, имрӯз имконоти омӯзиши чунин малакаҳо хеле зиёданд. Ҳар духтар метавонад аз бибӣ, модар, хоҳар ва дигар аъзои ботаҷрибаи оила тарзи иҷрои корҳои рӯзгорро омӯзад. Муҳим он аст, ки ин раванд аз хурдӣ оғоз шуда, ба таври тадриҷӣ амалӣ гардад. Дар баробари ин имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат марказҳои касбомӯзӣ- шуруъ аз пухту паз то дӯхтани курпаю курпача фаъолият менамоянд, ки метавонанд ҷавондухтарон дар ин марказҳо касб омӯзанд.

«Омодагӣ ба ҳаёти мустақилона маънои онро надорад, ки тамоми масъулияти корҳои хона бояд танҳо ба дӯши духтар гузошта шавад. Дар оилаи солим корҳои рӯзгор бояд бо дарки масъулияти муштарак ба роҳ монда шаванд. Ҷавонписарон низ бояд аз хурдӣ тарзи нигоҳубини хона, тозагӣ, сарфакорӣ ва дигар малакаҳои зиндагиро омӯзанд ва ба ҳаёти мустақилона ва оиладорӣ омода шаванд»,–изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Ҷавонписарон бояд дарк кунанд, ки бо ташкил намудани оила масъулият бештар мегардад. Онҳо бояд соҳиби касб ва малакаи меҳнатӣ бошанд, масъулияти иқтисодии оила, тарбияи фарзанд ва муносибати боэҳтиром ба ҳамсарро дарк намоянд. Ҳамчунин бояд дар корҳои рӯзгор саҳм гузоштан, ба ҳамсар кумак кардан, меҳнати занро қадр намудан ва дар тарбияи фарзанд фаъолона иштирок карданро омӯзанд. Зеро оилаи солим маҳсули фаъолияти як нафар нест. Пойдории он аз муносибати дурусти ду нафар- ҳамсарон вобаста мебошад.

Эҳтироми калонсолон — заминаи муҳими тарбияи духтар

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, яке аз муҳимтарин арзишҳое, ки бояд дар замири фарзанд аз хурдӣ ҷой гирад, эҳтироми падару модар ва калонсолон мебошад. Эҳтиром, пеш аз ҳама, муносибати самимӣ, қадршиносии меҳнати дигарон, гӯш додан ба сухани бузургсолон ва кӯшиши расонидани кумак ба онҳо мебошад.

Фарзанд муносибат бо калонсолонро аз рафтори падару модар меомӯзад. Агар дар хона калонсолон нисбат ба ҳамдигар бо эҳтиром сухан гӯянд, андешаи якдигарро ба назар гиранд ва дар муносибат бо падару модар меҳрубонӣ зоҳир намоянд, фарзанд низ ҳамин фарҳангро азхуд мекунад. Аз ин рӯ, тарбияи фарзанд танҳо бо насиҳат анҷом намеёбад. Рафтори худи волидон барои фарзанд намунаи беҳтарин аст. Падару модар бояд бо рафтору гуфтори худ ба кӯдак нишон диҳанд, ки эҳтиром, меҳрубонӣ, масъулият ва ростқавлӣ чӣ маъно доранд.

Озмунҳои оиладорӣ — замина ба ҳаёти мустақилона

Дар самти баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ аҳамияти муҳим дорад. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» як силсила озмунҳое баргузор менамояд, ки ба таҳкими фарҳанги оиладорӣ, тарғиби таҷрибаи зиндагии оилаҳои намунавӣ ва баланд бардоштани масъулияти падару модар равона шудаанд.

Аз ҷумла, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар», «Хушдомани беҳтарин», «Беҳтарин оилаи ҳунарманд», «Фарзанд — боғи падару модар» ва «Кадбонуи беҳтарин» имкон медиҳад, ки таҷрибаи оилаҳои соҳибтаҷриба ва намунавӣ муаррифӣ гардида, арзишҳои муҳими оиладорӣ, рӯзгордорӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, тарбияи фарзанд ва касбу ҳунаромӯзӣ бештар тарғиб шаванд.

Махсусан, Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ба масъалаҳои таҳкими фарҳанги оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти аъзои оила, тарбияи фарзандон, сарфаю сариштакорӣ ва рӯзгордорӣ, муносибати нек байни хушдоман, келин, домод ва дигар аъзои оила таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дар доираи он таҷрибаи занони соҳибтаҷриба, нақши онҳо дар нигоҳ доштани суннатҳои миллӣ ва таҳкими муҳити солими оилавӣ муаррифӣ карда мешавад.

Моҳияти ҳамаи ин озмунҳо танҳо муайян намудани ғолиб ва супоридани ҷоиза нест. Муҳимтар аз ҳама, онҳо таҷрибаи пешқадами оилаҳоро ба ҷомеа муаррифӣ намуда, барои дигар оилаҳо намунаи ибрат фароҳам меоранд. Дар ин раванд ҷавондухтарон метавонанд аз таҷрибаи занони соҳибтаҷриба истифода намуда, ба ҳаёти мустақилона омодагии бештар пайдо кунанд.

Зеро барои зиндагии мустақилона танҳо соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ихтисос будан кофӣ нест. Инчунин донистани фарҳанги муносибат, эҳтироми калонсолон, масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, сарфакорӣ, тарзи дурусти пешбурди рӯзгор ва муносибати солим бо аъзои оила зарур мебошад.

Аз ин нуқтаи назар,- мегӯяд Маҳбуба Азимова,- ин озмунҳо метавонанд ҳамчун мактаби таҷриба хизмат кунанд. Ҷавондухтаре, ки дар раванди чунин чорабиниҳо бо таҷрибаи занони соҳибтаҷриба шинос мешавад, метавонад аз онҳо тарзи муносибат бо аъзои оила, фарҳанги меҳмондорӣ, рӯзгордорӣ, ҳунармандӣ ва дигар малакаҳои ҳаётиро омӯзад.

Дар маҷмуъ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона бояд раванди ҳамаҷониба бошад. Донишандӯзӣ ва соҳибкасб шудан дар баробари маърифати оиладорӣ, одоби муошират, эҳтироми калонсолон, меҳнатдӯстӣ, сарфакорӣ ва азхуд намудани малакаҳои рӯзгордорӣ аҳамияти муҳим доранд. Зеро зиндагии мустақилона аз ҳар инсон на танҳо донишу касб, балки масъулиятшиносӣ, сабру таҳаммул, қобилияти мустақилона қарор қабул кардан ва муносибати дуруст бо дигаронро талаб менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 3, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем