Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Вэнтао дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» ба истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Эстакадаи якум дар қитъаи кӯчаҳои Абай — Абдулаҳад Қаҳҳоров бунёд гардида, дарозии роҳ 3,736 км-ро ташкил медиҳад.
Роҳи дусатҳаи нави сохташавандаи дуюм дар буриши кӯчаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ бо Абдулаҳад Қаҳҳоров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад ва 2,310 км дарозӣ дорад.
Эстакадаи сеюм дар кӯчаҳои Ҷанубӣ – Абдулаҳад Қаҳҳоров бо пул қарор гирифта, дарозии роҳ 2,848 км ва дарозии пул 0,23 км мебошад.
Лоиҳаи сохтмони эстакадаҳо ва пул дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Агентии давлатии рушди байналмилалии Ҷумҳурии
Мардумии Чин амалӣ гардида, аз ҷониби ширкатҳои Чинии China Railway First Survey and Design Institute Group ва Xi’an Engineering Consultancy & Management идора карда мешавад.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи мазкур барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар муҳлати муайянгардида дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода, таъкид доштанд, ки он бояд мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд гардад, то солҳо ба сокинон хизмат намояд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе













Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






