Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд

Ноябрь 4, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Арзишҳои конститутсионӣ ва рушди маърифати ҳуқуқии байналмилалӣ дар партави сиёсати Пешвои миллат: масъалаҳои назария ва амалия» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки бо заҳмату талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки пояҳои давлатдориро устувор намуда, роҳи минбаъдаи таҳким ва пешрафти онро муайян кард.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги миллати тоҷик ба шумор рафта, тавонист дар рушду инкишофи ҷомеа ва пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат нақши арзишманд гузорад. Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад».

Дар идомаи конференсия намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Суди конститутсионӣ, Маркази исломшиносӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ доир ба аҳамияти таърихию ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди низоми қонунгузории миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа ибрози андеша намуданд.

Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати муносибатҳои байналмилалӣ омӯзиши арзишҳои конститутсионӣ, таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон аҳамияти рӯзафзун касб менамояд.

Дар конференсия олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳаи ҳуқуқ аз Қазоқистон ва Русия ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуда, масъалаҳо оид ба аҳамияти арзишҳои конститутсионӣ дар рушди давлатдории муосир ва нақши ҳамкории байналмилалиро дар рушди низоми ҳуқуқӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид