Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи ниҳоди президентӣ ва рушди давлатдории миллӣ конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ниҳоди президентӣ ва рушди давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон: заминаҳои таърихӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ» конференсияи илмию амалӣ доир гардид, хабар додан ба АМИТ «Ховар» аз академия.
Иброз гардид, ки таҷлили Рӯзи Президент барои арҷгузорӣ ба таърихи ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таҳкими худшиносии миллӣ ва омӯзиши равандҳои муҳими сиёсиву ҳуқуқии ҷумҳурӣ аҳамияти хосса дорад.
Ниҳоди президентӣ дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини суботу оромии ҷомеа ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат нақши муҳим дорад.
Таъкид шуд, ки таҷрибаи давлатсозии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки таҳкими институтҳои давлатӣ ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ аз омилҳои асосии рушди устувори ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Дар ин замина нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими ниҳоди президентӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва бунёди пояҳои давлатдории миллӣ мавриди таъкид қарор гирифт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Пешвои миллат масъалаҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди инфрасохтори муосир, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ ба самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд. Дар баробари ин, татбиқи барномаҳои давлатӣ, қабули стратегияҳои миллӣ ва ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба рушди минбаъдаи мамлакат ва таҳкими заминаҳои давлатдорӣ равона карда шуданд.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Мактаби давлатдорие, ки дар пояи худшиносии таърихӣ бунёд ёфтааст», «Ниҳоди Сарвари давлат дар таърихи давлатдории тоҷикон» ва «Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Таъкид шуд, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон, эҳёи арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муаррифии дастовардҳои тамаддуни миллӣ аҳамияти хосса касб менамояд. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ба хусус дар соҳаи обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини рушди устувор на танҳо ба ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ мусоидат менамоянд, балки дар таҳкими нуфузи байналмилалии давлат ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ низ нақши муҳим доранд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ташаккули модели сулҳофарии тоҷикон ба ҳисоб меравад
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон китоби дарсии «Сарваршиносӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Вена Симпозиуми байналмилалӣ оид ба кафолатҳои АБНА (Symposium on International Safeguards 2026) баргузор гардид
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






