Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 3, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе доир ба афзалияти Тоҷикистон дар доираи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) ва муаррифии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон 3.0 (NDC 3.0)» ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, ҷомеаи илмӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иброз дошт, ки ҳадафи асосии баргузории ҳамоиш муҳокимаи мавқеъ ва афзалияти Тоҷикистон дар арафаи Конфронси COP31, инчунин муаррифии сеюми Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи кишвар мебошад.

Баҳодур Шерализода доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози назар намуда, афзуд, ки қисми зиёди ҳудуди Тоҷикистонро минтақаҳои кӯҳистон ташкил медиҳанд ва пиряхҳо манбаи асосии захираҳои оби кишвар ба шумор мераванд. Обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши хатари офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел, обхезӣ, тарма ва хушксолӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, энергетикаи обӣ, захираҳои об ва амнияти озуқаворӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон таъкид намуданд, ки барои татбиқи ҳадафҳои пешбинишуда тақвияти ҳамкории байниидоравӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва дастгирии шарикони байналмилалӣ зарур мебошад.

Ҳамоиш ба муаррифии афзалияти иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи COP31, инчунин баррасии ҳуҷҷати NDC 3.0, ки ҳадафҳои миллии иқлимии кишварро то соли 2035, тадбирҳои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро муайян менамояд, бахшида шуд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ҳамоиш аҳаммияти гузариш аз муайян намудани ҳадафҳои иқлимӣ ба татбиқи амалии онҳоро таъкид намуд. Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2026 тасдиқ гардидани NDC 3.0 қадами муҳим дар таҳкими уҳдадориҳои миллии иқлимии кишвар ба ҳисоб меравад. Тибқи ин санад, Тоҷикистон ният дорад, ки партовҳои газҳои гулхонаиро дар муқоиса бо сатҳи соли 1990 то соли 2030 ба андозаи 10 фоиз ва то соли 2035 ба андозаи 15 фоиз коҳиш диҳад. Дар ҳолати дастрас гардидани дастгирии зарурии молиявӣ ва технологии байналмилалӣ ин нишондиҳандаҳо метавонанд мутаносибан то ба 25 ва 40 фоиз расонида шаванд.

«Тасдиқи NDC 3.0 анҷоми кор нест, балки оғози марҳилаи муҳимтар — татбиқи амалии он мебошад. Ҳадафҳои муайяншуда бояд дар барномаҳои соҳавӣ, нақшаҳои рушди минтақаҳо ва афзалияти сармоягузорӣ инъикос ёбанд. Самаранокии сиёсати иқлимӣ бояд на аз рӯи шумораи ҳуҷҷатҳои таҳияшуда, балки аз рӯи натиҷаҳои воқеӣ барои иқтисодиёт ва аҳолӣ арзёбӣ гардад»,-изҳор намуд Баҳодур Шерализода.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҳаҷми умумии маблағгузории зарурӣ барои татбиқи тадбирҳои пешбинишудаи NDC 3.0 дар давраи солҳои 2026–2035 вобаста ба сенарияи татбиқ аз 20 то 22,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ин замина ҷалби маблағҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла маблағгузории имтиёзнок, грантҳо, технологияҳои муосир ва сармоягузории бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар ҳамоиш самтҳои асосии татбиқи NDC 3.0, механизмҳои мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин қадамҳои минбаъда барои иҷрои уҳдадориҳои иқлимии кишвар баррасӣ шуданд. Ба ҷараёни таҳияи Ҳисоботи дусола оид ба шаффофият (BTR), Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (NAP) ва Стратегия ва нақшаи миллии амал оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ (NBSAP) таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар доираи чорабинӣ маросими расмии супоридани ҳуҷҷати NDC 3.0 аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Он рамзи ҳамкории шарикӣ ва оғози марҳилаи нави масъулияти муштарак дар татбиқи ҳадафҳои иқлимии мамлакат арзёбӣ гардид.

Ҳамоиш барои таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, табодули афкор ва ҳамоҳангсозии иқдомҳои минбаъда дар самти татбиқи сиёсати иқлимии Тоҷикистон ва омодагии мамлакат барои иштирок дар COP31, ки аз 9 то 20 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мегардад, замина фароҳам овард.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 3, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинайи гармхонагӣ оғоз гардид
Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар ин самт ҳифз ва афзоиш додани ҷангалзор зарур аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯи Тоҷикистон аз витамини C бой буда, онро бояд дар ҷойи торику салқин нигоҳ дошт
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ доранд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид