Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво 19+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои вилоят борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+4 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-8 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 11-13 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб борон борида, дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Бохтар ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағирёбанда, дар водиҳо бе бориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония, дар баъзе ҳолатҳо то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 дараҷа ва рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






