Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нави илмӣ-таҳқиқотии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиёвуш Наботзода таҳти унвони «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Китоб ба таҳқиқи таърихи ташаккул, заминаҳои ҳуқуқӣ, хусусияти конститутсионӣ ва марҳилаҳои рушди ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар асар раванди ташаккули мақоми президентӣ дар Тоҷикистон, аз таъсиси вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1990 то қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 ва марҳилаҳои минбаъдаи такмили низоми конститутсионии мамлакат мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифтааст.
Муаллиф дар заминаи омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сарчашмаҳои таърихӣ ва адабиёти илмӣ нақши ниҳоди президентиро дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ таҳқиқ намудааст.
Дар китоб ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми арзишманди Пешвои миллат дар бунёди давлатдории муосири тоҷикон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.
Аҳаммияти асар дар он ифода меёбад, ки масъалаҳои марбут ба ниҳоди президентӣ дар робита ба рушди таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, барои дарки хусусияти низоми конститутсионӣ ва таҷрибаи давлатдории миллӣ заминаи муҳими илмӣ фароҳам меорад.
Китоб барои олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён, унвонҷӯён, кормандони мақомоти давлатӣ ва онҳое, ки ба масъалаҳои давлатдорӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ ва таърихи давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд






