КОНСТИТУТСИЯ–САНАДИ КАФОЛАТДИҲАНДАИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид

Ноябрь 4, 2026 08:25

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, бо тағйироту иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва махсусан 22 майи соли 2016 такмил ёфтааст, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асоси тамоми низоми қонунгузориро ташкил медиҳад. Он озодӣ, ҳуқуқи шахс, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллатҳоро муқаддас шумурда, заминаи ҳуқуқии ҳифзи занонро фароҳам меорад, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти иҷтимоӣ ин санад на танҳо ҳуқуқҳои асосии инсонро кафолат медиҳад, балки мақоми модаронро ҳамчун асоси ҷомеа эътироф мекунад. Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Рухшона Каримзода оид ба ин масъала баёни андеша намудааст, ки пешкаши хонандагон мегардад.

–Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2025 ба муносибати Рӯзи Модар ин принсипҳоро бо мисолҳои мушаххас ва омори дақиқ муайян мекунад: «Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи Модар дар оғози фасли зебои баҳор баргузор мегардад. Дар оғози баҳор таҷлил гардидани ҷашни модарон рамзи басе неки ба ҳам омадани ду неруи бузурги зиндагиофар ва ҳастисоз – модар ва табиат мебошад». Ин суханҳо рамзи модарро ҳамчун офарандаи ҳаёт ва ҳифзкунандаи арзишҳои миллӣ муайян намуда, Конститутсияро ҳамчун кафолатдиҳандаи ин мақом тасдиқ мекунанд. Занон қариб 50% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд (мувофиқи омори соли 2024 – 4,8 миллион нафар) ва дар моддаи 1 Конститутсия давлат «иҷтимоӣ» эълон шуда, барои ҳар инсон «шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона»-ро фароҳам меорад. Ин принсип занонро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеа ҳифз намуда, ҳуқуқҳои онҳоро дар ҳамаи соҳаҳо кафолат медиҳад ва тағйироти соли 2016 (моддаи 14) ҳуқуқҳоро «бе восита амалкунанда» эълон кард, ки имкони муроҷиати мустақим ба судро барои занон осон мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Зан – модар рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар, яъне фарзандоне мебошад, ки онҳоро худ ба дунё овардааст». Ин суханҳо моддаи 5-ро (инсон – арзиши олӣ) ва моддаи 34-ро (ҳифзи модарон) инъикос намуда, занонро ҳамчун ҳомии ҳаёт ва фарҳанг муайян мекунанд.

Моддаи 17 Конститутсия чунин муқаррар мекунад: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд», ки ин модда ҳама гуна табъизро нисбат ба занон манъ карда, принсипи гендерии баробариро дар сатҳи конститутсионӣ ҷорӣ мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон ин принсипро бо мисолҳои мушаххас тасдиқ менамоянд: «Занону духтарон нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва дар ҳақиқат қувваи бузурги эъмори ҷомеаи озоду пешрафта дар мамлакат мебошанд». Дар интихоботи соли 2025 18 нафар занон вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи қаблӣ зиёд мебошад ва ин рақамҳо иштироки фаъоли занонро дар ҳокимият нишон медиҳанд. 25% хизматчиёни давлатӣ – занон, 30% кадрҳои роҳбарикунанда; дар солҳои 2020–2024 121 нафар занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин супориш медиҳанд: «Ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки барои боз ҳам бештар ба вазифаҳои роҳбарикунанда омода ва пешбарӣ кардани бонувону духтарони боистеъдоду соҳибкасб чораҷӯйӣ намоянд», ки ин суханҳо моддаи 27-ро (ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ) ва моддаи 28-ро (ҳуқуқи муттаҳидшавӣ) амалӣ мекунанд.

Занон на танҳо дар сиёсат, балки дар ҳама соҳаҳо фаъоланд: 73% кормандони маориф; 71% кормандони тиб; 47% кормандони фарҳанг; 37% олимон; 30% соҳибкорон ва ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки моддаи 17 на танҳо дар қонун, балки дар амал татбиқ мегардад.

Моддаи 33 Конститутсия муқаррар мекунад: «Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад. Мардон ва занон озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст» ва моддаи 34 боз ҳам пештар меравад: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд». Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин моддаҳоро бо мисолҳои таърихӣ шарҳ медиҳанд: «Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки модарро «фариштаи меҳр», «олиҳаи покӣ» ва «мавҷуди муқаддас» меноманд», ки ин суханҳо мақоми модарро дар фарҳанги тоҷик баланд мебардоранд.
Давлат бо қонунҳои соҳавӣ ин ҳифзро амалӣ мекунад: манъи никоҳи хешовандони наздик (Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон); муоинаи тиббии ҳатмӣ пеш аз издивоҷ; фанни «Маърифати оиладорӣ» дар мактабҳо.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд: «Бовар дорам, ки модарону занони арҷманди мо дар самти риояи муқаррароти зикргардидаи қонун пешсаф ва ташаббускор хоҳанд буд. Зеро ба хушбахтии фарзандон ва пойдории оилаҳои ҷавон модарон аз ҳама бештар манфиатдору масъул мебошанд». Ин суханҳо моддаи 34-ро ҳамчун вазифаи давлатӣ ва модарона муайян мекунанд.

Моддаи 35 ҳуқуқ ба меҳнатро кафолат медиҳад: «Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақал набояд кам бошад. Дар корҳои вазнин истифодаи меҳнати занон манъ аст». Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин моддаро бо мисолҳои мушаххас тасдиқ менамоянд: «Имрӯз соҳае нест, ки занону бонувон дар он фаъолият надошта бошанд. Онҳо вазнинтарин корҳоро ба дӯш мегиранд ва ҳатто дар бунёди иншооти тақдирсози аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳоло беш аз ҳазор нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истодаанд». Омори соҳибкорӣ чунин аст: 110 ҳазор соҳибкори инфиродӣ (аз 362 ҳазор); 53 ҳазор роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ (аз 180 ҳазор); 41% кормандони бонкдорӣ (8,5 ҳазор аз 21 ҳазор). Дастгирии молиявии онҳо: 27 млрд сомонӣ қарз (2015–2024); 24 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ; аз соли 2025 грантҳо 3 баробар зиёд шуда, ба 15 миллион сомонӣ расиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин супориш медиҳанд: «…барои ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтан… супориш медиҳам, ки аз соли 2025 ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда, ба 15 миллион сомонӣ расонида шавад», ки ин тадбир моддаи 35-ро ҳамчун ҳуқуқи воқеӣ амалӣ мекунад.

Моддаи 41 муқаррар менамояд, ки «ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосии ҳатмӣ ройгон аст». Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «беш аз 256 ҳазор духтарон соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд, ки нисбат ба давраи қабл аз истиқлол қариб чор баробар афзудааст». Омори таҳсил чунин аст: 47% дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ (аз 36% соли 2018); 13 ҳазор духтарон дар 42 давлат таҳсил мекунанд; 11 ҳазор хатмкардаи квотаи президентӣ; 62% стипендияи президентӣ (1860 аз 3000). Дар соҳаи илм 11 академик, 84 профессор, 131 доктори илм; 210 ихтироъкор (5 медали тиллои байналмилалӣ). Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш медиҳанд, ки «ба духтароне, ки… бо дипломи «аъло» хатм мекунанд, имконият дода шавад, ки таҳсили худро дар зинаҳои магистратура ва докторантура… идома диҳанд», ки ин тадбир моддаи 41-ро ҳамчун кафолати рушди илмӣ амалӣ мекунад.

Конститутсия бо моддаҳои 17, 33, 34, 35, 41 ҳуқуқи занонро ҳаматарафа кафолат медиҳад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик эътимоди комил дорем ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем». Пас, мо, занон бояд вазифаҳои муқаддаси худро мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои давлат иҷро намуда, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятамонро пеш барем.

АКС аз бойгонӣ

 

Ноябрь 4, 2026 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад