Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид

Ноябрь 5, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои инноватсия байни Тоҷикистон ва Миср  дар мулоқоти масъулини Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкори мисрӣ, абераи мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш, раиси ширкати «Smart Villages» ва раиси Шурои директорони ширкати «Silicon Waha» Одил Дониш баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои инноватсия, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин имконияти ҷалби сармоя ва татбиқи ташаббусҳои муштарак баррасӣ карда шуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба табодули таҷриба дар рушди паркҳои технологӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ширкатҳои IT ва истифодаи таҷрибаи ширкатҳои «Smart Villages» ва «Silicon Waha» дар рушди инфрасохтори рақамӣ зоҳир гардид.

Мулоқот барои баррасии имконоти ҳамкории минбаъда ва густариши робитаҳо бо ширкатҳои технологии Миср замина фароҳам меорад.

 АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд