ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, ҷумъа, 324-умин рӯзи соли 2026 аст
20 ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба имзо расид.
***
20 ноябри соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон Нурдинҷон Исмоиловро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории ду давлат, аз ҷумла рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд.
***
20 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиглат», 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққум, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чавроқ», инчунин 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳо ва 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом, Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро бо буридани лентаи рамзӣ мавриди истифода қарор доданд.
20 НОЯБР:
Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон.
***
Рӯзи табиби кӯдакона.
***
Дар Русия – Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёт
РӮЙДОДҲО:
20 ноябри соли 1939 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис ёфт.
***
20 ноябри соли 2013 Парлумони Тоҷикистон бо ворид намудани тағйиру илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «TajChina-2013»-ро аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намуд.
***
20 ноябри соли 2015 ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон муҳокима гардид.
***
20 ноябри соли 2018 дар Театри ба номи Абулазиз Абулризои пойтахти Давлати Кувайт барномаи фарҳангии аҳли санъат ва ҳунари тоҷик баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи аввалин фестивали панҷрӯзаи душанбегии филмҳои фаронсавӣ доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид ва тибқи қонунгузории амалкунанда ҳуқуқи кӯдакро аз ҳама намудҳои ҷазои бераҳмона ҳимоя менамояд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1919 дар Олмон Интернатсионали коммунистии ҷавонон таъсис дода шуд.
***
Соли 1959 Созмони Милали Муттаҳид Декларатсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд.
***
Соли 1968 дар натиҷаи силсилатаркиш дар кони Манингтон (ИМА) 99 коргар ба ҳалокат расид.
***
Соли 1985 барномаи Microsoft Windows 1.0 расман ба истифода бароварда шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Бозор Собир -соли 1938- шоири маъруфи тоҷик. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1988). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1973).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, панҷшанбе, 323-юмин рӯзи соли 2026 аст






