Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд

Ноябрь 3, 2026 08:25

ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Устувонаи Куруши Кабир (Эъломияи Куруш) ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи инсон дар таърихи башарият шинохта шудааст ва маҳз ҳамин нуқта пули мантиқӣ ба сӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро меҳвари ҳар як конститутсияи демократӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қутбнамои давлатдории навин ва паймони умумимиллӣ дар ҷомеа нақши марказӣ мебозад. Ҷавҳари инсонпарваронаи ин санади олӣ решаҳои амиқ дар Устувонаи Куруши Бузург дорад, ки принсипҳои озодии эътиқод ва дахлнопазириро эълон карда буд. Барои амиқтар дарк кардани ин падида, зарур аст, ки ба таърих ва моҳияти вожаи конститутсия назар андозем.

Истилоҳи «Конститутсия» аз калимаи лотинии «constitutio» гирифта шуда, маънояш «муқарраркунӣ», «сохтор» ва «барпо намудан» аст. Решаҳои таърихии ин мафҳум ба Рими бостон мерасад, ки декретҳои императорон ҳамин унвонро доштанд. Аммо дар замони муосир ин санад ҳамчун Қонуни асосиву бунёдини давлат ва пойдевори ҳуқуқии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Таърихи пайдоиши нахустин конститутсияҳои муосир дар ҷаҳон қиссаи гузариш аз «ҳокимияти мутлақи монархҳо» ба «ҳукмронии қонун ва иродаи миллат» аст. Конститутсияҳо дар мафҳуми муосири он яъне ҳамчун санади ягонаи кодификатсияшуда, ки тақсимоти ҳокимиятро муқаррар мекунад, асосан дар охири асри XVIII, пас аз таҳаввулоти бузурги зеҳниву сиёсӣ ба вуҷуд омадаанд.

Дар таърихи ҷаҳон Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (1787) нахустин конститутсияи муосир, ягона ва кодификатсияшуда ба шумор меравад. Он пас аз ба даст овардани истиқлолияти Амрико аз Британияи Кабир таҳия шуда, соли 1789 расман эътибор пайдо кард ва тавассути ҷудокунии дақиқи ҳокимиятҳо, иҷроия, қонунгузор ва судӣ модели нави идоракуниро ба ҷаҳон пешниҳод намуд. Конститутсия соли 1791 бо илова шудани «Bill of Rights (Билл оф Райтс)» (Санади ҳуқуқҳо) такмил дода шуд.

Пас аз Инқилоби бузурги Фаронса Маҷлиси миллии ин давлат соли 1791 нахустин конститутсияи Фаронсаро ба тасвиб расонд, ки он бар пояи «Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд» таҳия шуда, низоми мутлақи подшоҳии Фаронсаро ба як низоми конститутсионӣ табдил дод.

Аммо барои мо тоҷикон, решаҳои ғояи ҳукмронии қонун ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон на танҳо бо таърихи Аврупову Амрикои асри XVIII, балки пеш аз ҳама, бо таърихи бостонии давлатдории худамон пайванди ногусастанӣ дорад. Пойдевори устувори ин тафаккур ҳанӯз дар асри VI то милод аз ҷониби шоҳаншоҳи сулолаи Ҳахоманишинон — Куруши Кабир гузошта шуда буд.

Устувонаи Куруши Кабир, ки соли 539 пеш аз милод пас аз фатҳи Бобил иншо гардид, дар таърихи умумиҷаҳонӣ ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи инсон эътироф шудааст. Гарчанде ин санад дар шакли конститутсияҳои имрӯза набуд, вале ҷавҳар ва фалсафаи он мустақиман бо арзишҳои конститутсионии замони муосир ҳамсадо аст. Куруши Кабир дар ин санад озодии эътиқоду дин, дахлнопазирии молу мулк ва манъи ғуломиро эълон дошт, ки ин ҳамон принсипҳое мебошанд, ки имрӯз асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тавр, ҷавҳари инсонпарваронаи Устувонаи Куруш пас аз ҳазорсолаҳо дар заминаи ҳуқуқии давлатдории навини мо эҳё шуд. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун вориси ин суннати бузурги таърихӣ, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олии ҷомеа ва давлат эълон кард. Ин пайванди таърихӣ собит месозад, ки қутбнамои давлатдории мо бар пояи адолат ва эҳтироми инсон, ки реша дар хотираи таърихии миллат дорад, устувор аст.

Халқи Тоҷикистон низ бо такя ба таърихи давлатдории худ ва таҷрибаи башарӣ, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба бунёди низоми нави ҳуқуқии худ шуруъ намуд. Таърихи қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос ва мураккаби сиёсию иҷтимоӣ, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад. Барои наҷоти давлат ва миллат аз парокандагӣ, бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи нави конститутсионӣ таъсис дода шуд. Лоиҳаи Қонуни асосӣ баъди муҳокимаҳои васеи умумихалқӣ ва пешниҳоди ҳазорон таклифҳо аз ҷониби шаҳрвандон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Беш аз 87 фоизи мардуми ҷумҳурӣ ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро ҷонибдорӣ намуда, роҳи ояндаи худ, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро баргузиданд. Ин санад аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи инсон эътироф шуд.

Чунин эътирофи обрӯфизо ва руҳияи инсондӯстии Қонуни асосии давлати мо тасодуфӣ нест, зеро он аз чашмаи зулоли заминаҳои таърихии миллии мо об мехӯрад, қонунгузории муосири Тоҷикистон дар замини холӣ ба вуҷуд наомадааст, балки реша дар фарҳанги чандҳазорсолаи ҳуқуқии ниёгони мо дорад. Миллати тоҷик ҳамчун халқи бумии Осиёи Марказӣ, меросбарони мустақими тамаддуни ориёӣ ва давлатдории Ҳахоманишиён ба шумор мераванд. Ғояҳои инсондӯстии Устувонаи Куруш дар тӯли таърихи дароз аз байн нарафтанд. Онҳо дар қонунҳои Сосониён, китоби «Авесто», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Сиёсатнома»-и Низомулмулк ҳамчун занҷираи фарҳангӣ идома ёфта, то ба имрӯз расиданд.

Дар Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ ва идеологияи давлатӣ, Устувонаи Куруши бузург ҳамчун заминаи аввалини ҳуқуқи башари миллӣ эътироф ва қадрдонӣ мешавад. 6 ноябри соли 2025 дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ки дастоварди бузурги дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Устувона исбот мекунад, ки арзишҳои ҳуқуқи инсон, ба мисли озодии виҷдон ва ҳифзи қадри инсон барои сокинони Тоҷикистон мафҳумҳои «имрӯза» ё аз ғарб «нусхабардоришуда» нестанд, балки ҷузъи фарҳанги асили худи мо мебошанд.

Аз ин рӯ, Конститутсияи муосири Тоҷикистонро метавон марҳилаи нави рушди ҳамон тамаддуни ҳуқуқие номид, ки беш аз 2500 сол қабл аз ҷониби Куруши Бузург пойдевори он гузошта шуда буд. Ин ду санад, бо вуҷуди фосилаи таърихии беш аз 2500-сола, дорои ҷавҳари умумии инсондӯстӣ ва адолатпарварӣ мебошанд. Дар таҳқиқоти ҳуқуқии муосири Тоҷикистон ва дар паёму суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» таъкид мешавад, ки ғояҳои Устувонаи Куруш ҳамчун сарчашмаи таърихии ҳуқуқи башари ниёгони мо дар матни қонунгузории миллӣ таҷассум ёфтаанд.

Чанд нуктаи муҳим ва муштараку ба ҳам мувофиқи ин ду санад дар соҳаҳои зерин дида мешаванд:

Арзиши олии инсон ва ҳифзи қадри он

-Устувонаи Куруш: аввалин санадест, ки зӯроварӣ, асорат ва ғуломиро манъ карда, эълон дошт, ки ҳеҷ кас набояд мавриди зӯроварии дигарон қарор гирад.

-Конститутсияи Тоҷикистон: дар моддаи 5 омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Давлат ҳифзи ҳаёт, қадр ва номуси инсонро кафолат медиҳад».

Озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ

-Устувонаи Куруш: ба кулли сокинони шаҳри Бобил ва дигар сарзаминҳо озодӣ дод, то дину мазҳаби худро озодона интихоб ва парастиш кунанд ва маъбадҳои вайроншударо барқарор намоянд.

-Конститутсияи Тоҷикистон: дар моддаи 26 озодии виҷдонро кафолат медиҳад. Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян кунад, динеро пайравӣ намояд ё ҳеҷ динеро қабул накунад.

Озодии интихоби макони зист ва бозгашт ба ватан

-Устувонаи Куруш: ба халқҳои асиру кӯчонидашуда, аз ҷумла яҳудиён иҷозат дод, ки ба ватани бобоии худ ва макони зисташон бозгарданд ва хонаҳояшонро аз нав обод кунанд.

-Конститутсияи Тоҷикистон: дар моддаи 24 ҳуқуқи шаҳрвандонро барои озодона гаштугузор кардан, интихоби маҳалли зист ва озодона тарк кардани ҷумҳурӣ ва бозгашт ба онро кафолат медиҳад.

Ҳифзи моликият ва амнияти шаҳрвандон

-Устувонаи Куруш: дастур дод, ки артиш ба моликияти мардум дастдарозӣ накунад, хонаҳои онҳоро хароб насозад ва амнияти шаҳрвандонро таъмин намояд.

-Конститутсияи Тоҷикистон: дар моддаи 32 дахлнопазирии моликият ва дар моддаи 22 дахлнопазирии манзилро ҳимоя мекунад.

Ҳангоме муқоиса мекунем, дармеёбем, ки Устувонаи Куруш як фармони шоҳона (манифест) барои барқарор кардани сулҳу адолат пас аз ҷанг буд.

Конститутсияи Тоҷикистон санади олии ҳуқуқии муосири давлати демократӣ ва дунявӣ мебошад, ки сохтори ҳокимият, иҷроия, қонунгузор, судиро муайян мекунад.

Устувонаи Куруши Бузург ҳамчун «нахустбахтнома» ва ҷавҳари тамаддуни ҳуқуқии ниёгон хизмат кардааст, ки ғояҳои волои он имрӯз дар Конститутсияи Тоҷикистон дар шакли меъёрҳои ҳуқуқии муосири байналмилалӣ рушд ва таҳким ёфтаанд.

Пайванди таърихӣ ва ҳуқуқии байни Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як ҳамоҳангии одии ғояҳо нест. Ин ду санад пойдевор ва омили асосии таҳкимбахши давлатдории миллӣ дар ду марҳилаи тақдирсози таърихӣ мебошанд. Яке заминаи тамаддуни давлатдории ориёиро гузоштааст, дигаре давлатдории муосири тоҷиконро дар асри муосир устувор нигоҳ медорад. Кафолати ҳастӣ ва бақои давлат дар амният ва сулҳу ваҳдат, адолати иҷтимоӣ, таҳаммулпазирӣ ва гуногунандешӣ аст, ки ин нуктаҳои муҳим дар меҳвари ду санад зикр ёфтаанд.

Таъмини суботи сиёсӣ ва сулҳ

Давлатдории устувор бе сулҳ ва ризоияти ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад. Ҳарду санад дар марҳилаҳои буҳронӣ барои таҳкими давлат ҳамчун воситаи сулҳофарӣ хизмат кардаанд.

-Далел аз Устувона: Куруши Бузург пас аз фатҳи Бобил (соли 539 п.м.) ба ҷойи хунрезиву харобкорӣ, сиёсати оштиро пеш гирифт. Ӯ дар устувона мегӯяд: «Ман хостгори сулҳ будам… Артиши бузурги ман оромона ба Бобил ворид шуд ва нагузоштам, ки тарсу ҳарос бар ин сарзамин ҳоким шавад». Маҳз ҳамин сиёсати инсондӯстона давлати Ҳахоманишиёнро ба бузургтарин ва устувортарин империяи он замон табдил дод.

-Далел аз Конститутсия: Конститутсияи Тоҷикистон (соли 1994) дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ қабул шуд. Он ҳамчун санади олии сулҳофар заминаи ҳуқуқии қатъи ҷангро гузошт ва парокандашавии давлату миллатро пешгирӣ намуд. Дар муқаддимаи он омадааст: «…барои таъмини суверенитети давлати худ ва истиқлолияти он… сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллиро муқаддас шумурда…»

Принсипи таҳаммулпазирӣ ва гуногунандешӣ

Идоракунии давлат аз хоҳиши муттаҳид кардани қишрҳои гуногуни ҷомеа вобаста аст. Танҳо давлате таҳким меёбад, ки ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз дину миллат эътироф кунад.

-Далел аз Устувона: Империяи Куруш аз халқҳо, мазҳабҳо ва маданиятҳои гуногун иборат буд. Куруш дини худро ба ҳеҷ кас маҷбурӣ бор накард, балки маъбадҳои вайроншударо обод намуд. Ин кафолати озодии эътиқод давлатро аз шӯришҳои дохилӣ эмин нигоҳ дошт.

-Далел аз Конститутсия: Конститутсияи Тоҷикистон дар моддаҳои 8 ва 26 гуногунии мафкураҳо ва озодии виҷдонро кафолат медиҳад. Тоҷикистон давлати дунявию демкоратӣ аст, ки дар он намояндагони ҳамаи миллату динҳо ҳуқуқи баробар доранд ва ин омили асосии ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат мебошад.

Руҳияи адолати иҷтимоӣ ва ҳимояти заифон

Давлатдории устувор он аст, ки шаҳрванд дар он худро ҳимояшуда ҳис кунад. Вақте мардум адолати давлатро мебинанд, худи онҳо нигаҳбони давлат мешаванд.

-Далел аз Устувона: Куруш дар матни маншур таъкид мекунад, ки хонаҳои харобшудаи мардумро барқарор кард ва ба азияту ранҷи онҳо хотима дод. Ӯ зӯроварии табақаи болоиро нисбат ба камбағалон манъ кард: «Ман бекории маҷбуриро аз байн бурдам ва вазъи зиндагии онҳоро беҳтар намудам».

-Далел аз Конститутсия: мувофиқи моддаи 1, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва рушди озодонаро фароҳам меорад. Ин руҳияи иҷтимоӣ устувории робитаи байни давлат ва шаҳрвандро таъмин мекунад.

Нуфузи байналмилалии давлат ва ворисияти фарҳангӣ

Давлате, ки решаҳои таърихии худро эҳтиром мекунад, дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби эҳтиром мегардад.

-Саъю кӯшиши Тоҷикистон барои эътирофи Устувонаи Куруш дар сатҳи ҷаҳонӣ (ба монанди қатъномаи махсуси ЮНЕСКО дар соли 2025) нишон медиҳад, ки Тоҷикистони муосир худро идомадиҳандаи ҳамин фарҳанги олии инсондӯстӣ медонад.

-Вақте давлат конститутсияи худро ба ин гуна сарчашмаҳои қадимаи миллӣ пайванд медиҳад, идеологияи миллии давлатдориро таҳким мебахшад ва ба шаҳрвандон ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ мебахшад.

Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд. Устувона хишти аввал ва тарҳи инсондӯстии ин давлатдориро гузошта бошад, Конститутсия онро дар шакли ҳуқуқии муосир ҳифз ва таҳким мекунад.

Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ
оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ

 

Ноябрь 3, 2026 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ