Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд

Ноябрь 4, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон чорабинии сатҳи баланди Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ – СПЕКА баргузор гардид. Дар кори он Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода рушди пайвастагии нақлиётӣ, такмили долонҳои бисёрсамта, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, ба хусус истифодаи манбаъҳои энергияи «сабз» ва барқароршаванда, инчунин рақамикунонии расмиёти нақлиётиро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳои минтақа арзёбӣ намуд.

Иброз гардид, ки татбиқи ташаббусҳои муштарак дар ин самтҳо метавонад ба таҳкими робитаҳои иқтисодии минтақавӣ, рушди инфрасохтори нақлиётиву энергетикӣ ва тавсеаи имконоти тиҷоратии давлатҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми иқтисодии СПЕКА яке аз чорабиниҳои муҳими минтақавӣ буда, ҳамасола дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Тоҷикистон соли 2024 мизбони ин форум буд, ки таҳти унвони «Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА» доир гардид.

Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) соли 1998 бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфта, ҳадафи асосии он мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

Ноябрь 4, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд