ІАМА ЧИЗ БАРОИ ТИРАМОІУ ЗИМИСТОН ЗАХИРА ШУДААСТ

Сентябрь 25, 2009 11:07

                  Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори идораи тандурустии шаҳр Абумуслим Темуров, 52 муассисаи тандурустии шаҳри Душанбе барои қабули гармӣ аз маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе омодаанд. Тамоми системаи гармидиҳии муассисаҳои тиббии шаҳр хушсифат аз таъмир бароварда шуданд. Дар сурати мушкилоти барқ дар фасли тирамоҳу зимистони соли 2009 – 2010 идораи тандурустии шаҳр 114 генератор, 83 печҳои барқию керосинӣ ва беш аз 500 дона тафсонакҳо, 69 тонна ангишт, 175 куб ҳезум, дар сурати сар задании садамаҳои барқӣ сӯзишвории дизелӣ барои ду –се рӯз захира карда шудааст. Ҳамчунин Ҳукумати шаҳр барои муассисаҳои тандурустӣ 4 генератор ҳар кадом бо иқтидори 20 кВт ҷудо намудааст, ки дар таваллудхонаҳои рақами 2 ва 3, беморхонаи инфексионӣ, ва клиникаи бачагонаи шаҳр чойгир карда мешаванд.                   -Умуман агар бо як мафҳум ифода кардан мумкин бошад, мо ба зимистон тайёрем, — мегӯяд сардори идораи тандурустии шаҳр Абумуслим Темуров.  

Сентябрь 25, 2009 11:07

Другие новости этой рубрики

О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане сохранится неустойчивая погода, в большинстве районов ожидается выпадение снега
О ПОГОДЕ: сегодня в Душанбе облачно, дождь с переходом в мокрый снег
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане переменная облачность, преимущественно без осадков
О ПОГОДЕ: сегодня в Душанбе днем столбик термометра поднимется до 17 градусов тепла
«МегаФон Life»: приложение, которому доверяют
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане переменная облачность, без осадков
В Матчинском районе посадят 70 тысяч саженцев
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане переменная облачность
О ПОГОДЕ: сегодня в некоторых районах местами прогнозируется туман
О ПОГОДЕ: сегодня в Душанбе днем столбик термометра поднимется до 14 градусов тепла
ООО «СП «Зарафшон» вносит вклад в решение социальных задач и развитие экономики региона
На территории Таджикистана произошло землетрясение