ІАМА ЧИЗ БАРОИ ТИРАМОІУ ЗИМИСТОН ЗАХИРА ШУДААСТ
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори идораи тандурустии шаҳр Абумуслим Темуров, 52 муассисаи тандурустии шаҳри Душанбе барои қабули гармӣ аз маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе омодаанд. Тамоми системаи гармидиҳии муассисаҳои тиббии шаҳр хушсифат аз таъмир бароварда шуданд. Дар сурати мушкилоти барқ дар фасли тирамоҳу зимистони соли 2009 – 2010 идораи тандурустии шаҳр 114 генератор, 83 печҳои барқию керосинӣ ва беш аз 500 дона тафсонакҳо, 69 тонна ангишт, 175 куб ҳезум, дар сурати сар задании садамаҳои барқӣ сӯзишвории дизелӣ барои ду –се рӯз захира карда шудааст. Ҳамчунин Ҳукумати шаҳр барои муассисаҳои тандурустӣ 4 генератор ҳар кадом бо иқтидори 20 кВт ҷудо намудааст, ки дар таваллудхонаҳои рақами 2 ва 3, беморхонаи инфексионӣ, ва клиникаи бачагонаи шаҳр чойгир карда мешаванд. -Умуман агар бо як мафҳум ифода кардан мумкин бошад, мо ба зимистон тайёрем, — мегӯяд сардори идораи тандурустии шаҳр Абумуслим Темуров.










О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане переменная облачность, ночью местами кратковременный дождь возможна гроза, днем без осадков
В Душанбе обсудили интеграцию платежных систем в Центральной Азии
В Таджикистане проживают два человека старше 110 лет
МЕЖДУНАРОДНЫЙ ДЕНЬ ПОЖИЛЫХ ЛЮДЕЙ. Правительство Таджикистана постоянно проявляет заботу об этой категории населения
КАЛЕНДАРЬ НИАТ «ХОВАР»: сегодня 1 октября, четверг, 274-й день 2026 года
В Душанбе проходит Региональный форум по развитию Международного союза электросвязи для стран СНГ
В Таджикистане продолжается заготовка кормов для скота
В Душанбе обсудили новую архитектуру безбумажной торговли и цифровой интеграции Центральной Азии
В Душанбе обсуждены вопросы современного управления рисками в таможне






