САХОВАТИ «БАРљИ ТО¶ИК»

Декабрь 29, 2009 14:10

                 Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Бо супориши Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои иди Соли нав, аз 31 декабри соли 2009 то 1 январи соли 2010 тамоми минтақаҳои мамлакат бе ягон маҳдудият шабу рӯз бо қувваи барқ таъмин карда мешавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.                  Дар робита раиси Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» Санъат Раҳимов ба роҳбарони хамаи нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон дастур дод, ки аз ҳамаи захираю имкониятҳо истифода бурда, рӯзҳои ид тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро бо қувваи барқ таъмин намоянд.                Хабар дода шуд, ки мутахассисони Маркази танзими Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» имкониятҳои таъминоти қувваи барқ дар мамлакатро ҳадафи таҳқиқ қарор доданд. Маълум гардид, ки сатҳи оби обанбори НБО «Норак» айни ҳол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 метр баланд мебошад. Ин имкон медиҳад, ки мамлакат дар давраи зимистон аз рӯи тартиби маҳдудияти муқарраршуда бо қувваи барқ таъмин карда шавад.                 Қайд карда шуд, ки маҳдудияти таъминоти қувваи барқ ба шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо дахл надорад.

Декабрь 29, 2009 14:10

Другие новости этой рубрики

В Душанбе обсудили практическую значимость норм Конституции для энергетического и водного секторов
В Душанбе обсудили конституционные ценности и правовое образование
В Академии государственного управления обсудили роль Конституции в регулировании отношений государственного управления
Нормы Конституции помогли Таджикистану поэтапно пройти путь становления и укрепления современной государственности
О ПОГОДЕ: сегодня в Душанбе переменная облачность, без существенных осадков, днем до 25 градусов тепла
В Национальном патентно-информационном центре отметили 32-ю годовщину принятия Конституции Республики Таджикистан
В войсковой части Пограничных войск Таджикистана состоялось политико-просветительское совещание
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане переменная облачность, в отдельных районах кратковременный дождь
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане переменная облачность, в долинах без осадков, в отдельных горных районах временами небольшой дождь
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане переменная облачность, без осадков
Таджикистану перечислен первый транш стабилизационного финансирования
В Худжанде обсудили достижения в области детской травматологии и ортопедии