ОЗМУНИ «ГУЛРЕЗ» ДАР АРАФАИ ¶АШНИ НАВРоЗ
Файзобод, 19 март, (АМИТ «Ховар»,Зебо Давлатова).-Роҳбари гурӯҳи мақсадноки омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод Рустам Аҳмадов ба хабарнигори АМИТ»Ховар» гуфт,ки бахшида ба иди Наврӯз озмуни «Гулрез» дар байни гурӯҳҳои бахшҳои 2 ва 3 баргузор мегардад.Дар озмун намояндаи кумитаи кор бо ҷавонон,варзиш ва сайёҳии назди мақомоти иҷроияи ноҳия Валамат Ғаюрбекова,сардухтури беморхонаи марказӣ Кароматулло Шарипов ва аъзоҳои ҳакамон иштирок мекунанд.Бояд гуфт,ки дар озмун ороиши дастурхон,қироати шеър,расонидани ёрии аввалини тиббӣ,рақси якка,аллаи модар ба маърази тамошобинон пешниҳод мегардад.Ба ғолибони озмун аз ҷониби кумитаи кор бо ҷавонон ,варзиш ва сайёҳии назди мақомоти иҷроияи ноҳия тӯҳфаҳо пешниҳод карда мешавад.Рустам Аҳмадов қайд кард,ки дар ҳамин рӯзи 19 бо дастгирии сардухтури беморхона Кароматулло Шарпов дар саҳни беморхона ҷашни Наврӯзӣ бо тамоми суннатҳояш пешвоз гирифта мешавад.Бо маблағи 1000 сомонӣ ба 6 нафар фарзандони камбизоати беморхона сару либос гирифта тӯи суннатии онҳоро гузаронида мешавад.Дар ин базмгоҳи Наврӯзӣ ҳунармандони қасри фарҳанги ноҳия хотири ҷаъомадагонро шод менамоянд.










В Душанбе обсудили практическую значимость норм Конституции для энергетического и водного секторов
В Душанбе обсудили конституционные ценности и правовое образование
В Академии государственного управления обсудили роль Конституции в регулировании отношений государственного управления
Нормы Конституции помогли Таджикистану поэтапно пройти путь становления и укрепления современной государственности
О ПОГОДЕ: сегодня в Душанбе переменная облачность, без существенных осадков, днем до 25 градусов тепла
В Национальном патентно-информационном центре отметили 32-ю годовщину принятия Конституции Республики Таджикистан
В войсковой части Пограничных войск Таджикистана состоялось политико-просветительское совещание
Таджикистану перечислен первый транш стабилизационного финансирования
В Худжанде обсудили достижения в области детской травматологии и ортопедии






