ТА¶ЛИЛИ НАВРоЗ ДАР ЯРОСЛАВЛ
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Ярославл 23 март дар ин ҷо иди байналмилалии Наврӯз ботантана ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат дар маҷмааи варзишии «Атлант» ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар он тоҷиконе, ки муваққатан ё доимӣ дар вилояти Ярославл зиндагӣ мекунанд, намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони минтақаҳои дигари Русия ва аҳли ҷамъияти вилоят ширкат варзиданд. Ҷамъомадагонро муовини раиси вилоят Александр Ипатов, мушовири раиси вилоят дар масъалаҳои дин Владимир Кувшинов, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ва раиси шӯъбаи «Анҷумани халқҳои Русия» дар вилояти Ярославл Нурел Хосиев табрик намуданд. А.Ипатов зикр намуд, ки соли равон ҳазорсолагии шаҳр ботантана ҷашн гирифта мешавад. Вай изҳори умед намуд, ки минбаъд иди Наврӯз низ ҳар сол ҷашн гирифта хоҳад шуд. Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар бораи анъанаҳои қадимаи таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон ва муносибатҳои дӯстонаю ҳамкории халқҳои Тоҷикистону Русия сухан ронд. Дар қисми дуюми ҷамъомад консерти калони идона намоиш дода, ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил карда шуданд.










О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане переменная облачность, ночью местами кратковременный дождь возможна гроза, днем без осадков
В Душанбе обсудили интеграцию платежных систем в Центральной Азии
В Таджикистане проживают два человека старше 110 лет
МЕЖДУНАРОДНЫЙ ДЕНЬ ПОЖИЛЫХ ЛЮДЕЙ. Правительство Таджикистана постоянно проявляет заботу об этой категории населения
КАЛЕНДАРЬ НИАТ «ХОВАР»: сегодня 1 октября, четверг, 274-й день 2026 года
В Душанбе проходит Региональный форум по развитию Международного союза электросвязи для стран СНГ
В Таджикистане продолжается заготовка кормов для скота
В Душанбе обсудили новую архитектуру безбумажной торговли и цифровой интеграции Центральной Азии
В Душанбе обсуждены вопросы современного управления рисками в таможне






