СОІИБМУЛКОН ОМОДА НАШУДАНД
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Рафти зимистонгузаронӣ нишон дод, ки на ҳамаи соҳибмулкон ба гирифтани гармӣ омодаанд,-гуфт директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба гуфти мавсуф то 1-уми январи соли 2011 дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Баҳри омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010 – 2011» аз ҳисоби маблағҳои Бонки Ҷаҳонӣ барқарорсозии 4 адад дегҳои гармидиҳии аз фаъолият бозмондаи ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва шаҳрҳои Ваҳдату Хуҷанд ба итмом расид. Аммо то имрӯз барқарорсозии системаи қабули гармидиҳии дохилии манзилҳои истиқоматӣ, ки мебоист аз ҳисоби маблағҳои соҳибмулкон таъмир мешуд, оғоз наёфтааст. Соҳибмулкон бояд донанд, ки то системаи қабули гармидиҳиро дар таҳхонаҳои биноҳои исттиқоматӣ таъмир накунанд, ба дегҳои гармидиҳӣ пайваст намешаванд. Акнун як номуназзамӣ дар кори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва соҳибмулкон ба чашм мерасад, ки он аз муаллақ гузоштани системаи қабули гармидиҳӣ дар таҳхонаҳо мебошад.